Ҳаққи далла - 800 сомонӣ: боздошти зани 27-сола барои ҷалби занон ба алоқаи ҷинсӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти зани 27-сола бо иттиҳоми даллагӣ хабар дод, ки аз мардон барои ҳамхобагӣ бо духтарони то 900 сомонӣ мегирифтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, зани муттаҳам ҳамчунин ба ҷалби занон ба фоҳишагӣ, ки ҷиноят аст, айбдор мешавад.

Бино ба гузориши Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, зимни баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт зани 27-солаи сокини шаҳри Ҳисорро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти даллагӣ дастгир намудаанд.

Дар Душанбе зане дастгир шуд, ки духтаронро ба фоҳишагӣ ҷалб мекардааст

Аз 800 то 1000 сомонӣ – ҳаққи далла ва ҳамхобагӣ бо танфурӯшҳои ҷавон дар Душанбе

Гуфта мешавад, ки номбурда, рӯзи 17-уми октябри соли 2019, тахминан соати 10:00, дар назди роҳи оҳани шаҳри Душанбе ду зани 35 ва 32-солаи сокинони шаҳри Душанберо ба фоҳишагӣ ҷалб намудааст.

Фоҳишахона барои чиниҳо дар Душанбе: асорат ва фурӯши бевазанҳо ошкор шуд - видео

"Ӯ барои алоқаи ҷинсӣ намудан бо ду марди 33 ва 45-солаи сокинони ҳамин шаҳр шинос намуда, аз онҳо 900-сомонӣ гирифта, аз ин 750-сомониашро ба манфиати шахсии худ сарф намуда, 150-сомониро ба яке аз ин занҳо додааст", - омадааст дар хабарнома.

"Гирифтори СПИД буду фоҳишагӣ мекард": парвандаи ҷиноӣ ба иттиҳоми олуда кардани мард

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти тоҷик бо қабули тағйирот ба қонунгузорӣ ҷазо барои даллагӣ ва ҷалб ба танфурӯширо сангинтар карданд.