Коршинос: дар марзи Тоҷикистон 8 ҳазор толибон ва ҷангиёни "Давлати исломӣ" ҷамъ шудааст

Сардори Хадамоти ҳамоҳангсозии Шӯрои фармондеҳони Қушқнҳои марзбонии ИДМ аз таҷаммӯи зиёди ҷангиёни толибон ва "Давлати исломӣ" ҳушдор додаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Беш аз 8 ҳазор ҷангандагони толибон ва "Давлати исломӣ" дар марзи Тоҷикистону Афғонситон гирд омадаанд, иттилоъ додааст  сардори Хадамоти ҳамоҳангсозии Шӯрои фармондеҳони Қушунҳои марзбонии ИДМ Александр Манилов.

Манилов истинодан ба маълумоти роҳбарони ниҳодҳои марзбонӣ гуфт, ки вазъият дар сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон бисёр муташанниҷ аст.

"Дар манотиқи назди марзӣ таҷаммӯи зиёди Толибон ва ҷангиёни "Давлати исломӣ" ба назар мерасад. Имрӯз, тибқи ҳисоботи мо, тақрибан 8 ҳазор ҷангҷӯ дар минтақаҳои сарҳадӣ ҷамъ омадаанд", - изҳор намудаст Маилов.

Ба гуфтаи ӯ ҷангандагон аслан аз минтақаҳои даргир дар Сурия ва Ироқ омада, дар назди марз гирд омадаанд.

Ин коршиноси рус мегӯяд, ки аксари ҷангҷӯёни дар марз ҷамъомадаро шаҳрвандони Қавқоз ва Африқо ташкил медиҳанд.

КДАМ аз ноамн шудани вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҳушдор медиҳад

Ёдовар мешавем, ки  муовини фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, Абдусаттор Шоҳиён низ аснои баромад дар Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз ноамни дар сарҳад ҳушдор дода буд.

Ба гуфтаи Шоҳиён, рахна кардани марзи давлатии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ ва ҷудоихоҳ аз эҳтимол дур нест.

Гузашта аз ин, муовини фармондеҳи Кушунҳои сарҳадӣ афзуд, ки ҷангиёни толибон барои аз худ намудани тамоми нозукиҳои сарҳад, муосиртарин технологияро  ба кор бурда истодаанд.