Суҳбати Усмонов: аз решаи суғдии забони форсӣ то бартарии кириллӣ ва ягонагии Эронзамин

Дар байни мардуми Эронзамин дар ҳазор соли охир талошҳои бисёре аз дохил ва берун буданд, ки мардуми моро аз ҳамдигар дур андозанд, вале маҳз адабиёт ва шеър пеш аз ҳама кӯшиш кард, ки умумияти мо канда нашавад ва ягонагии забони ин мардум боқӣ монд  
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik, Хуршед Шералӣ. Профессор Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири Президенти Тоҷикистон,  аз беҳ шудани муносибатҳо миёни Тоҷикистону Эрон, муштаракоти мардуми ҳарду кишвар суҳбат кард.

Иброҳим Усмонов дар мусоҳибаи ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки миёни Тоҷикистону Эрон дар ҳар давру замон муносибатҳои гуногун вуҷуд дошт ва ҳамзамон муштаракоти фарҳангӣ, ки асоси он ҳамзабонист нагузошт ин ду халқи ба ҳам бисёр наздик аз якдигар дур шаванд.

Эрон дар рушди иҷтимоии Тоҷикистон саҳми худро дорад

Ба ҳамагон маълум аст, ки тайи якчанд соли охир миёни Тоҷикистону Эрон муносибатҳо дар сатҳи давлатӣ каме сард шуда буданд. Вобаста ба ин собиқ мушовири кишвардори Тоҷикистон, профессор Иброҳим Усмонов беҳ шудани муносибатҳои ҳарду кишварро ба нафъи на танҳо ҷонибҳо дар сатҳи болоӣ, балки ба нафъи шаҳрвандон низ хонд. 

Усмонов: Раҳмон Набиев натавонист муносибати худро бо аҳзоби сиёсӣ муайян намояд – идома

“Беҳ шудани муносибатҳо миёни ду кишвар, аз ҷумла миёни Тоҷикистону Эрон ин ҳамеша ба манфиати ҳарду давлат ва халқҳоест, ки дар ҳарду мамлакат зиндагӣ мекунанд. Тоҷикистону Эрон дар замони истиқлолияти мо робитаҳои гуногун доштанд ва хушбахтона дар байни ин робитаҳо чизе, ки ба манфиати миллат буд, чизе, ки ба манфиати халқ буд ҳамеша махсус таъйид мешуд”, - гуфт Усмонов.

Ба ақидаи ӯ “Эрон дар рушди иҷтимоии мо саҳм дошт, Тоҷикистон ҳам бо ҳамкориҳои самимияш ба Эрон дар рушди муносибатҳои неки дӯстона ҳиссаи худро гузоштааст”.

Ҳеч нерӯ Тоҷикистону Эронро аз ҳам дур карда наметавонад

Ба гуфтаи профессор Усмонов ҳоло дубора беҳ шудани  муносибатҳо миёни Эрону Тоҷикистон аз он далолат медиҳад, ки ҳеҷ нерӯ моро аз ҳамдигар дур карда наметавонад.

“Аслан гиред дар байни мардуми Эронзамин (ман вақте эронзамин мегӯям, Осиёи Миёна, Афғонистон ва Эрони имрӯзаро дар назар дорам И.У.) дар ҳазор соли охир талошҳои бисёре аз дохил ва берун буд, ки мардуми моро аз ҳамдигар дур андозад. Вале маҳз адабиёт ва шеър пеш аз ҳама кӯшиш кард, ки умумияти мо, яклухтии мо канда нашавад, аз байн наравад. Аҳли эҷод, аҳли адаб ҳамеша толиби он буданд, ки робитаҳои фарҳангии мо бошад ва тавонистаанд, ки инро нигоҳ доранд. Ҳамаи халқҳо ва давлатҳои дигар, пароканда шуданд, рафтанд гум шуданд, вале танҳо ягонагии ин забон боқӣ монд”, - тавзеҳ дод профессор, Иброҳим Усмонов.  

Забони форсӣ дар ибтидо 300 сол бо номи дарӣ вуҷуд дошт

Собиқ мушовири президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволи “ягонагии забони форсӣ ва тоҷикӣ ва сабабҳои бо ду ном ифода шудани онҳо” чунин ибрози ақида кард:

- Бо ҳамон шакле, ки забони мо – забони Мовароуннаҳр ба сифати забони аслии аввалин давлати тоҷикон, ки баъди зуҳури ислом ба миён омад, яъне он забонеро, ки аврупоиҳо бо номи форсӣ шинохтанд, вале дар ибтидо 300 сол бо номи дарӣ вуҷуд дошт, ин забони мардуми мо буд. Забони мардуми Бухоро буд, забони Осиёи Миёна буд, ки намояндагони мо, бобоҳои мо онро ба курсии давлат шинонданд.

Ва чихеле, ки мегӯянд забони мадраса забони форсӣ аст, аз баски бародарҳои исломӣ, роҳбарҳои исломӣ ба забони форсии Эрони собиқ наздиктар буданд, онҳо он забонро ба сифати забони расмии динӣ истифода карданд, вале ҳамчун забони халқ, мардум ва фарҳанг ҳамон шевае пеш рафт, ки хоси Мовароуннаҳр буд. Шевае, ки дар заминаи забони суғдӣ инкишоф ёфт.

Мо бо Эрону Афғонистон бояд ҳамдил бошем

Ман бар онам, ки робитаи имрӯзаи Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон ҳам албатта, дар як вақт бояд дар заминаи таъриху фарҳанг ва забону ҳамдилии муштарак инкишоф ёбад, зеро ба қавли Мавлавӣ “Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст”, моро ҳамдил буданамон даркор аст.  

Забони тоҷикӣ ва омӯзиши он дар донишгоҳҳои олии Маскав

Забони мо забони тоҷикӣ аст. Халқи мо дар тамоми таърих ҳеҷ вақт номи худро дигар накардааст. Як муҳаққиқи эронӣ бо номи Маҳмуди Афшор, ки шаҳсияти бисёр машҳури Эрон буд ва имрӯз меросхӯрони вай, як Бунёди ӯро дар даст доранд дар таҳқиқоте, ки гузаронидааст ба он таваҷҷуҳ мекунад, ки “калимаи тоҷик ба маънои халқ ва аз асри Х аз замони Дақиқию, Манучеҳрӣ вуҷуд доштааст ва аз ин ба баъд ҳамаи онҳо гуфтанду навиштанд бо истифода аз калимаи тоҷик”.  

Мо халқи тоҷик будему ҳастем, чӣ зарурати номи худро бо номи каси дигар иваз кардан аст.

Халқи тоҷик ҳамеша буду ҳаст: - вақте, ки мо халқи тоҷик будему ҳастем, чӣ зарурати он аст, ки мо номи худро бо номи каси дигар иваз кунем.

Тоҷикону форсҳо ду халқи бо ҳамдигар бисёр наздик ва мардуми ҳамзабон, ҳамдин мебошанд. Тоҷикҳо имрӯз дар Афғонистон ва Осиёи Миёна зиндагонӣ мекунанд, форсҳо дар ватани худ. Ҳамзамон дар Афғонистону Осиёи Миёна форсҳо ҳастанд ва дар Эрони имрӯза тоҷикҳо ҳам ҳастанд.

Забони Эрон форсист, чунки номи давлатшон Форс буд

Забони Эрон форсӣ аст, чунки номи давлаташон Форс буд. Масалан дар Афғонистон номи забонашон дарӣ аст. Афғонҳо соли 1966 номи забонро дарӣ ниҳоданд, чунки онҳо диданд, ки мондани забонашон бо номи форсӣ на ба манфиати онҳост.

Раҳмон гуфт, кай забон расман "тоҷикӣ" шуд: изҳороти Президент баъди баҳсҳо атрофи ном

Мо бошем барвақттар аз онҳо, вақте ки зарурати ташкили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад мо забонамонро тоҷикӣ номидем. Аввалин бор дар рӯзномаи “Овози тоҷик” мо номи забонамонро дар соли 1924 тоҷикӣ номидем.

Ҳастанд бародарони эрониасл, ки барои ташкил шудани Тоҷикистон қабл аз худи мо тоҷикон кӯшиш кардаанд. Барои мисол Саидризо Ализода, ки созмони мардуми форсизабони Осиёи Миёнаро ба вуҷуд оварда, маҷаллаи “Шуълаи инқилоб” кушод, аввалин шахсе буд, ки гуфт “мо бояд минбаъд номи рӯзномаҳои худро тоҷикӣ гӯем, на форсӣ”. Яъне мо забони Осиёи Миёнагиро ба асос гирифтаем. Ҳеҷ рақобат ё зидияте байни ин чизҳо нест, фақат мо забонамонро бо исми маҳали худ ном мебарем.

Номи халқ тоҷик, номи забон ҳам бояд тоҷикӣ ва хат кириллӣ бошад

Ман бар он фикрам, ки номи халқ тоҷик, номи забон ҳам тоҷикӣ бошад. Ва хати имрӯзае, ки дорем мо ин хатро 2 ҳазор сол пештар доштем. Ин хати имрӯзаи кириллии мо бо номи хати юнонӣ аз тарафи давлати Искандари Македонӣ дар Осиёи Миёна истифода мешуд.

Ҳамчунин алифбои замони Кушониён ва тангаҳое, ки мо аз он замон ёфтем бо ҳамин хати юнонӣ навишта шудаанд ва хати кириллӣ дар заминаи хати юнонӣ пайдо шудааст.

Хати арабӣ ба ҳамон ҳадди хати кирилӣ ба тоҷикон бегона аст

Ба ақидаи Иброҳим Усмонов ба ҳамон ҳадде, ки хати арабӣ ба мардуми тоҷик бегона аст, ба ҳамон ҳад хати кирилӣ низ бегона мебошад. Ӯ мегӯяд, ки ба ҳамон ҳадде, ки мо хати арабиро форсӣ кардаем, ба ҳамон ҳад мо хати кириллиро низ тоҷикӣ кардаем. Мо агар ба хати арабӣ 4 ҳарфи худамонро илова карда бошем, ба хати кириллӣ 6 ҳарф илова кардаем.

Ҳеҷ ҳарфи нодаркори кириллиро қабул накардем, аммо аз алифои арабӣ 7 ҳарферо, ки ба мо ҳеҷ даркор нест қабул кардаем. Аз ин рӯ хати кириллӣ барои мо наздиктар шудааст.

Забони арабӣ забони ҳалқӣ аст ва дар он ҳиҷоҳо муҳиманд, забони мо забони овоз аст. Мо бо хати кириллӣ ҳама овозҳои талаффузмекардаамонро навишта метавонем. Дар хати арабӣ ва ё форсӣ ҳамаи овозҳои моро навиштан номумкин аст.