Дар Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли равон 1 миллиону 500 ҳазор тон ангишт истихроҷ шуд

Вазорати саноат ва технологиҳои нави Тоҷикистон эълом кард, ки истихроҷи ангишт аз конҳои кишвар таи нуҳ моҳи соли равон ба як миллиону 500 ҳазор тон расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputni. Тавре Вазорати саноат ва технологиҳои нави Тоҷикистон дар сомоани худ иттилоъ додааст, истихроҷи ангишт дар нуҳ моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 203 ҳазор тон афзоиш ёфтааст.

Истихроҷи 1 миллион тонна ангишт дар Тоҷикистон

Арзиши миқдори ангишти истихроҷшуда 236 миллиону 500 ҳазор долларро ташкил додааст.

Дар Тоҷикистон дар соли 1991 яъне замони истиқлоли кишвар 313 ҳазор тон ангишт истихроҷ шудааст, ки акнун ин шохис афзоиши шаш баробариро нишон медиҳад.

Гуфта мешавад, ки таи нуҳ моҳи соли равон Тоҷикистон ба Покистон ва Узбакистон беш аз 10 ҳазор тон ангишт содир кардааст.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон аз захираҳои кони Фон-Яғноб, Шуроб дар вилояти Суғд, Назарилоқ дар Водии рашт, Зидеҳ дар шимоли шаҳри Душанбе ва Сайёд дар дарраи Ромити шаҳристони Ваҳдат ангишт истихроҷ мешавад.

Захираҳои шиносоишуда дар 21 кони ангишти Тоҷикистон беш аз 3 миллиард тон эълом шудааст.