Сӯхтор дар Роштқалъа: супориши Ёдгор Файзов ба раис барои ҳисоби хисорот - акс

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба раиси ноҳияи Роштқалъа супориш дод, ки хисороти моддӣ аз сӯхтори манзилро ҳисоб ва муайян кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, ки сарпарасти ноҳияи Роштқалъа мебошад, зимни сафари корӣ ба ин ноҳия , аз хонаи истиқоматие, ки бар асари алангаи оташ зарари моддӣ дидааст дидан намудаанд.

Сӯхтор дар деҳаи Лангари ҷамоати Тусёни ноҳияи Роштқалъа, дар хонаи Ошурбеков Фариддун, рӯзи душанбе, 14 октябр пас аз нисфирӯзӣ сар задааст. Хушбахтона дар паи сӯхтор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Вале қисми зиёди манзили сокини ноҳияи Роштқалъа 

Бино ба гузориши котиботи мақомоти иҷроияи ВМКБ, сӯхтор дар ҳолати риоя нагардидани ҳолати гармидиҳӣ дар дохили хона, сар задааст ва пасон, боми хона оташ гирифтааст.

"Баҳри бартараф намудани хисороти зиёди моддӣ раиси ВМКБ ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа супориш доданд, ки ҳарчи зудтар ҳаҷми зарури хисоротро муайян намоянд ва ба дастгоҳи раиси ВМКБ пешниҳод намоянд", - супориш додааст Ёдгор Файзов ва афзудааст, ки мувофиқи имконият кӯмак хоҳанд кард.

Ёдрас мешавем, ки раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Ёдгор Файзов зимни суханронии худ дар маҷлиси ҷамъбастии нӯҳмоҳаи мақомоти ноҳияи Ишкошим аз фаъолияти раҳбарияти ноҳия изҳори нигаронӣ карда, супориш дод, ки муносибат бо мардумро хубтар ба роҳ монанд. 

Ӯ гуфт, муроҷиатҳои сокинони ноҳияи Ишкошим ба дастгоҳи раиси ВМКБ ва Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҷудо намудани замин, кӯмаки молиявӣ, хизматрасонӣ тиббӣ хеле зиёд ҳастанд, дар ҳоле, ки аввал бояд сокинони ноҳия ба мақомоти ноҳия арз намоянд.