Раҳмон бинои ситоди отряди сохтмонии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-ро ифтитоҳ кард

Раисҷумҳур ва раиси шаҳр дар Қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ пас аз навсозӣ бинои Ситоди отряди сохтмониро ифтитоҳ карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон пас аз навсозӣ бинои Ситоди отряди сохтмониро ифтитоҳ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.  

Бино бар иттилои манбаъ, бинои Ситоди отряди сохтмонии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ду ошёна иборат буда, тамоми ҳуҷраҳои корӣ бо дастгоҳ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошанд.

“Дар ҳудуди иншоот ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллии сарбозон Осорхонаи Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфтааст”, - афзудааст манбаъ.

Пас аз шиносоӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар китоби меҳмонони олиқадр соядаст гузошт.

Инчунин барои сайқал додани дониши сарбозону афсарон дар дохили ситод китобхонаи муосир бунёд ёфта, бо адабиёти баландмазмун таъмин гардидааст.

Тавре иттилоъ дода шудааст, дар ҳудуди қисми низомӣ панҷ сехи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ фаъолият намуда, дар доираи корҳои навсозӣ ҳамаи коргоҳҳо бо дастгоҳ ва таҷҳизоти муосири корӣ таъмин гардидаанд.

“Дар коргоҳҳо симтӯр, симхор ва дигар маҳсулоте, ки барои ҳифзи хати сарҳад зарур аст, бо сифати баланд истеҳсол карда мешаванд.  Ҳамзамон дар ҳудуди Отряди сохтмонӣ истеҳсоли бомпӯшҳои тунукагӣ ва дару тирезаҳои пластикиву чӯбӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин маҳсулот барои бунёди дидбонгоҳҳо, қисмҳои низомӣ ва отрядҳои сарҳадӣ дар мамлакат истифода бурда мешавад. Пас аз анҷоми хизмати ҳарбӣ, дар баробари обутоби бадан сарбозон ҳамчун мутахассисони соҳибмалака ба хона бармегарданд, ки ин таҷриба, бешубҳа, дар ҳаёти ҳаррӯзаашон манфиати зиёд хоҳад овард”, - таъкид енамудааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Манбаъ зикр намудааст, ки тамоми дастгоҳ ва таҷҳизоти корие, ки дар коргоҳҳо насб шудааст, аз хориҷ ворид гардидааст.

Қобили зикр аст, ки дар қисми низомии мазкур барои хизмати ҷавонон дигар шароити муосир низ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар ҳудуди отряд майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол ва волейбол таъмиру таҷдид шуда, барои тамринҳои пагоҳирӯзии афсарону сарбозон майдончаи варзишӣ бо дастгоҳ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардид.