Президент ба 23 марзбон хона дод

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар шаҳри Душанбе бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти Пойгоҳи таъминоти моддию техникӣ оғоз бахшид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо шароити манзилҳои истиқоматӣ, ки барои афсарони Кӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳудуди қисми низомии мазкур бунёд гардидааст, шинос шуда, ба 23 оилаи муҳофизони марзу буми кишвар калиди манзилҳои истиқоматиро тақдим кард.

Кумаки мақомоти Хатлон ба хонаводаи сарбози ҳалокшуда дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон

“Ҳуҷраҳои истиқоматии навбунёд, бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи зист дар ҳудуди пойгоҳи низомии таъминотӣ барои оилаҳои афсароне, ки дар ҳимояи марзу буми мамлакат адои хизмат менамоянд, пешбинӣ гардидааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки дар Қисми ҳарбӣ барои ҳайати шахсӣ ҳамчунин хонаҳои хизмати маишӣ, аз ҷумла, сартарошхона, хонаи фароғатӣ ва хонаи дарзмолкунии либос мавҷуд аст.

Котиботи раисиҷумҳур илова намуд, ки дар ҳудуди Пойгоҳи таъминоти моддию техникии Кӯшунҳои сарҳадӣ майдони васеи варзишӣ сохта шудааст, ки дар он сарбозону афсарон ба бозиҳои гуногуни варзишӣ, аз ҷумла футбол машғул мешаванд.

Се кушта: шарҳи сардори отряди сарҳадии Шӯрообод дар бораи задухӯрди мусаллаҳона дар марз

Ҳамзамон толори варзишӣ дар ин пойгоҳи низомӣ бунёд шудааст, ки барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун, мувофиқ аст.

“Он аз майдончаи хурд, утоқҳои корӣ, анбор ва ҳаммом иборат мебошад. Дар толори мазкур таҷҳизоти гуногуни варзишӣ мавҷуд аст, ки барои тамрини ҳамаҷонибаи афсарону сарбозон ва ҷисман обутоб ёфтани онҳо мусоидат мекунад”, - иттилоъ дод котиботи Эмомалӣ Раҳмон.