Дар Тоҷикистон ба 644 бемор гурда ва 41 нафар ҷигар пайваст карданд

  Дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар 9 моҳ 685 амалиёт гузаронида шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Дар 9 моҳи соли равон дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар зиёда аз 644 нафар бемор амалиёти пайвандсозии гурда ва 41 нафар ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шуд, иттилоъ додааст Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамаро бемор кардед: дар шаҳри Турсунзода 17 кошонаи ҳусн ва сартарошхонаро бастанд

Дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон, ки  соли 2011 таъсис ёфтааст, то имрӯз 122 нафар шаҳрвандони хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳояшонро гузаронидаанд.

“Аз ин шумора 29  нафар аз Озарбойҷон, 41 нафар аз Қирғизистон, 31 нафар аз Исроил ва боқӣ аз дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик мебошанд”, — омадааст дар иттилоияи Вазорат.

Гуфта мешавад, ки ҷиҳати коҳиш додани шумораи нафароне, ки ба хориҷи мамлакат барои ташхис ва табобат сафар мекунанд, дар заминаи Маркази мазкур шуъбаи пайвандсозии мағзи устухон фаъолият дошта, то имрӯз ба 10 нафар бемор амалиёти пайвадсозии мағзи устухон гузаронида шудааст.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба татбиқи барномаву стратегияҳои соҳавии давлатӣ баррасӣ гардида, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода масъулинро барои иҷрои саривақтии супоришҳои ҷойдошта вазифадор намуд.