ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Ба иттилои Раёсати умури дохилии Тоҷикистон, кормандони милитсия дар асоси аризии шикоятии сокинони пойтахт, ду қолиндуздро боздошт намуданд.
Манбаъ меафзояд, яке аз ин ду гумонбарон Одинаев Маҳмадӣ Ибодович, соли таваллудаш 1998, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад.
Номбурда қаблан низ доғи судӣ дошта, ин навбат як ҷавони дигар Саидов ҷаҳонгири 18 соларо ҳамроҳи худ гирифта шабона қолинҳои сокинонро, ки барои хушк шудан дар назди биноҳои истиқоматӣ овехта мешуданд, тасарруф намуда, сонӣ бар ивази маблағи ночиз мефурӯхтанд.
Собиқ роҳбари гумруки Узбакистон барои дуздӣ 3,5 сол зиндон шуд
РВУД Тоҷикистон мегӯяд, номбурдагон бо содир намудани 20 ҷинояти дуздӣ ба шаҳрвандон 50 000 сомонӣ зарари моддӣ расониданд.
Айни замон нисбати гумонбаршавандагон Одинав Маҳмадӣ ва Саидов Ҷаҳонгир бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дастгиршудагон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.