Тоҷикистон барои сохтани роҳи Обигарм-Тагикамар пудратчӣ меҷӯяд

Мувофиқи лоиҳа дар масири Обигарм-Тагикамар пудратчиро мебояд якчанд қисмати роҳро сохта, баъзе ҷойҳои дигарро азнавсозӣ кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои сохтани роҳи автомобилии Обигарм-Тагикамар озмун (тендер) эълон кардаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Ҳамза Саидов таъмири хатарноктарин роҳ дар Ҳисорро ба уҳда гирифт
Мувофиқи лоиҳа дар масири Обигарм-Тагикамар пудратчиро мебояд якчанд қисмати роҳро сохта, баъзе ҷойҳои дигарро навсозӣ кунад. Мувофиқи нақша сохтани панҷ кӯпрук, азнавсозии як кӯпрук ва бунёди ду нақб (тоннел) бо дарозии 3,3 км дар назар аст.

“Вақти баро иҷрои ҳамаи ин корҳо 40 моҳ муайян шудааст”, - тасдиқ карданд дар Вазорати нақлиёт.

Дар иттилоия омадааст, ки дар ин озмун танҳо ширкатҳои касбӣ иштирок варзида метавонанд.

Қисман гардиши соланаи стҳи миёнаи аризадиҳандагон дар се соли охир бояд на кам аз 75 миллион долларро ташкил кунад.

Ғайр аз ин ширкати иштироккунанда дар озмун ба ҳайси пудратчӣ бояд тайи панҷ соли охир ҳадди аққал талаботи ду шартномаро дар чунин корҳо ба таври мусбат иҷро намуда бошад.

Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон илова намуданд, ки хоҳишмандон метавонанд то 28 октябр пешниҳодҳояшонро пешкаш намоянд.