Супориши Шодихон Ҷамшед ба масъулин барои баргузории ҳамоиш дар сатҳи баланд

Муовини вазири тандурустӣ, Шодихон Ҷамшед омодагии масъулинро барои баргузории Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон, санҷид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Рӯзи 12 октябр муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Шодихон Ҷамшед аз  рафти омодагиҳо ба Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон, ки 18 октябри соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мегардад, дидан намудааст.

Шодихон Ҷамшед: "Эмомалӣ Раҳмон ба маъюбон таваҷҷуҳи зиёд дорад"

Дар ҷараёни боздид ҷиҳати иҷрои вазифаҳои бар дӯш дошта, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ба роҳбарони гурӯҳҳои корӣ барои омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон, ки 18 октябри соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мегардад, дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Супориши Шодихон Ҷамшед ба масъулин барои баргузории ҳамоиш дар сатҳи баланд

Шодихон Ҷамшед: сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, дар ҷараёни боздиди омодагиҳо ба ҳамоиши мазкур, инчунин ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Содиқова, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии вазорат Қудратулло Қурбонов, мудири  бахши хизматрасонии иҷтимоии Раёсати ҳифзи иҷтимоии вазорат Фахриддин Юсуфзода, роҳбарони гурӯҳҳои кории форум, намояндагони ташкилоту муассисаҳои маъюбон ва кормандони вазорат ширкат кардаанд.