Соҳибкорони Тоҷикистон ба Шарҷа мераванд

Ин масъаларо Консули генералии Тоҷикистон дар Дубай Илҳом Абдураҳмон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Шарҷа Абдуллоҳ Султон ал-Увайс ва мудири кулли Палата Муҳаммад Аҳмад Амин баррасӣ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Рӯзи 13 октябр вохӯрии Консули генералии Тоҷикистон дар Дубай Илҳом Абдураҳмон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Шарҷа Абдуллоҳ Султон ал-Увайс ва мудири кулли Палата Муҳаммад Аҳмад Амин баргузор гардидааст.

Тоҷикон дар Дубай "Шоми дӯстӣ" барпо карданд

Бино ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳангоми мулоқот ҷонибҳо вобаста ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд  дар самти тиҷорат, саноат, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ суҳбат намудаанд.

"Пешниҳод гардидааст, ки ҷиҳати рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ вохӯриҳои доираи соҳибкорони Тоҷикистону Шарҷа танзим гардида, барои иштироки корхонаву ширкатҳои истеҳсолӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва бизнес-форумҳои гуногун мусоидат шавад", - омадааст дар хабарнома.

Арабҳо бо ҳунарҳои тоҷикӣ шинос шуданд ва оши палав хурданд

Дар рафти вохӯрӣ меҳмонон инчунин аз намоишгоҳи доимоамалкунандаи Палатаи савдо ва саноати Шарҷа дидан намуданд. Ҷонибҳо барои мусоидат дар рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намуданд.