Коршинос: дар Тоҷикистон ба сиёсати рушди  ҷавонон аҳамияти хосса медиҳанд

Дар бораи сиёсати рушди ҷавонон дар Тоҷикистон роҳбари Шӯрои миллии иттиҳоди ҷавонон ва наврасони Русия, Григорий Петушков шарҳ медиҳад
Sputnik

Ба гуфтаи Петушков дар Тоҷикистон як қатор чорабиниҳо бахшида ба сиёсати рушди ҷавонон таҷлил мегараданд. 

Коршинос: дар Тоҷикистон ба сиёсати рушди  ҷавонон аҳамияти хосса медиҳанд

“Рӯйхати чорабиниҳо оид ба дастгирии сиёсати рушди ҷавонон соҳаҳои гуногунро фаро мегирад, аз ҷумла варзиш, соҳибкорӣ, ихтиёркорӣ ва бевосита омӯзиши рушди сиёсати миллии ҷавононро”, - ба Sputnik Тоҷикистон гуфт роҳбари Шӯрои миллии иттиҳоди ҷавонон ва наврасони Русия, Григорий Петушков.

Қарори нави Рустами Эмомалӣ барои таҷлили Рӯзи ҷавонон дар пойтахт ба тасвиб расид

Коршинос қайд кард, ки дар охири соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав чорабинии навбатии ташкилоти ҷавонони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳо мустақил баргузор мегардад, ки дар он Тоҷикистон фаъолона ширкат хоҳад кард.

“Дар ҳақиқат дар Тоҷикистон меъёрҳои ҷиддии дорои заминаи ҳуқуқии нисбати рушди ҷавонон ҷой дранд. Масалан, барномаи рушдии иҷтимоии ҷавонон дар Душанбе қабул гардидааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳукумати кишвар ва пойтах ба рушди сиёсӣ-иҷтимоии ҷавонон диққати махсус медиҳанд”, - тасдиқ кард коршинос.

Вай илова кард, ки қарор аст маҳфили умумии “Пойтахти ҷавонони кишварҳои ИДМ”-ро ба роҳ монад.

“Дилхоҳ шаҳри Иттиҳод аз рӯйи меъёрҳои пешбинишаванда метавонад имкони иштирок дар ин чорабиниро пайдо кунад. Чунин озмунҳо дар сатҳи миллӣ низ баргузор мегарданд”, - илова кард Петушков.