Кордкашии дигари донишҷӯ дар маҳаллаи 103-и Душанбе

Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе аз ҳолати дигари кордкашии донишҷӯй дар пойтахт хабар дод, ки дар натиҷа Амирҷон Бобоев, сокини 20-солаи ноҳияи Сино ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Тибқи иттилои РВУД, ҳодиса 12 октябр, тахминан соати 17.30 дақиқа дар маҳаллаи 103-юм рух додааст.

Кордкашии наврасон дар ноҳияи Рӯдакӣ

“Ифтихор Толиҳови 20-сола, донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бо Амир Бобоев, сокини 21-солаи шаҳри Душанбе дар роҳи пиёдагарди бинои №42-и кӯчаи Б.Ғафуров  муноқиша карда, зимни муноқиша Толиҳов бо корди бо худ доштааш як зарба Бобоев Амирҷон мезанад”, - иттилоъ дод манбаъ.

Мақомоти умури дохилӣ таъкид намуданд, ки ҷабрдида Бобоев бо захми тарафи чапи шикам дар беморхонаи шаҳраки Шифобахш бистарӣ шуда, Толиҳов, ки аз ҷои ҳодиса фирор кардааст, дар пай як амалиёт боздошт гардид.

Ин дар ҳолест, ки Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе аз ҷанҷоли ду донишҷӯй хабар дод, ки бо марги Фозилов Дилмурод, донишҷӯи бахши 1-уми Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон анҷомид.

Дастгир шудани ду ноболиғ барои авбошӣ дар Душанбе

Тибқи иттилои РВУД, субҳи 8 октябри соли ҷорӣ тахминан соатҳои 07:30 дақиқа дар буриши кӯчаҳои Борбад ва Чортути ноҳияи Сино дар роҳ ба донишгоҳ байни 2 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон муноқиша сар задааст. Манбаъ афзуд, ки зимни муноқиша Қурбонов Убайдулло, мутаваллиди соли 2001, сокини ноҳияи Сино, донишҷӯи бахши 1-уми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Фозилов Дилмурод, зодаи соли 2002, истиқоматкунандаи кӯчаи Ҳаёти Навро корд задааст.