Боздошти Зайниддинзода, мақомдори САҲШ ҳангоми порагирӣ

Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти як мақомдори идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ хабар дод, ки аз корафтода 1650 сомонӣ талаб кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонси мубориза бо фасод, рӯзи 20 сентябри соли равон ба ин ниҳод шаҳрванд “А” муроҷиат намуда, арз доштааст, ки мутахассис-коргузори бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Фархор, Хуршед Зайниддинзода аз ӯ маблағ тамаъҷӯӣ кардааст.

Президент ба шаҳрвандон иҷоза дод мансабдорони порагирро тир зананд

Ожонс аз қавли муроҷиаткунанда афзудааст, ки Хуршед Зайниддинзода аз шаҳрванд барои иваз намудани ному насабаш маблағи 1 ҳазору 650 сомонӣ талаб карда истодааст.

Манбаъ таъкид намуд, ки худи ҳамон рӯз нисбати Зайниддинзода бо моддаи 324 қисми 1-и Кодекси ҷиноӣ парванда оғоз карда шуда, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ номбурда баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 1,650 сомонӣ дастгир карда шуд.

Ожонс илова кард, ки далелҳои шайъӣ аз дастгиршуда мусодира гардида, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноӣ идома дорад.

Ду мансабдори идораи зиндонҳои Душанбе дастгир шуданд

Моддаи 324-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон марбути гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷўӣ буда, то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ва то 2 соли зиндон бо маҳрум кардан аз ҳаққи ишғоли мансабҳои муайянро пешбинӣ мекунад.