Аризаи Раҳмон: Додгоҳи олӣ “Паймони миллии Тоҷикистон”-ро террористӣ эълон кард

Додгоҳи олии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия эълон кард, ки ташкилоти “Паймони миллии Тоҷикистон” иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф карда шуда, фаъолияти он дар ҷумҳурӣ мамнуъ гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Додгоҳи олӣ, барои террористӣ-экстремистӣ эътироф кардани “Паймони миллии Тоҷикистон”, Юсуф Раҳмон, додситони кулли ҷумҳурӣ ариза додааст.

“Навори бозгашт”-и Шарофиддин Гадоев ба Аврупо – видео

“Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ташкилоти “Паймони миллии Тоҷикистон”, манъ намудани фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастани сомонаҳои интернетии ин ташкилот ва манъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шудааст”, - омадааст дар иттилоияи нашркардаи Додгоҳи Олӣ.

Додгоҳ таъкид намуд, ки “Паймони миллии Тоҷикистон” иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф карда шуда, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Раиси Суди Олӣ дархости аъзои “Гуруҳи – 24” барои иҷозаи фаъолиятро шарҳ дод

“Сомонаҳои интернетие, ки ба ташкилоти “Паймони миллии Тоҷикистон”, ташкилоти террористӣ-экстремистии “Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон” ва дигар ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ хизмат мекунанд, баста шуда, воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст”, - таъкид шудааст дар эълони Додгоҳи олӣ.