Ҷашнҳои рӯзи 13 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи 13 октябр Рӯзи ҷаҳонии тухм, Дар Озарбойҷон -рӯзи кормандони роҳи оҳан, Рӯзи фермерҳо дар ИМА ва Рӯзи кормандони адлия ва суд мебошад
Sputnik

Рӯзи 13 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1792 хишти аввали бинои қароргоҳи президенти ИМА гузошта шуд, ки  аз соли 1902 расман ҳамчун "Қасри сафед" номгузорӣ гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 13 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1923 пойтахти Туркия аз Истанбул ба Анқара оварда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 13 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1964 Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Афғонистон таъсис дода шуд.

Соли 1972 ҳавопаймои Шӯравӣ Ил-62 дар қарибии Маскав ба садама дучор гардид, ки дар натиҷа 174 нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар он замон ин калонтарин садамаи ҳавопаймоӣ маҳсуб меёфт.

Соли 2001 дар Берлин тақрибан 4 ҳазор нафар ба намоиши эътирозӣ бар зидди ҷанг дар Афғонистон ба кӯчаҳо баромаданд.

Соли 2006 Пан Ги Мун аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба мақоми котиби нави генералии ин созмон интихоб шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 13 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи 13 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2005 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии ИМА Кондолиза Райсро, ки бо сафари корӣ дар кишвари мо қарор дошт, ба ҳузур пазируфт.

Соли 2009 “Амонатбонк” ва Бонки давлатии Чин Созишнома дар бораи истифодаи пули чинӣ дар ҳамкории молиявиро ба имзо расониданд.

Соли 2014  Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи марказии Гвардияи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, дар тантанаҳо бахшида ба 19-умин солгарди ин воҳиди махсуси низомӣ иштирок намуд.

Соли 2016 дар шаҳри Ереван Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Арманистон Серж Саргсян масоили гуногунҷанбаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арманистонро баррасӣ намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 13 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ҷашнҳои рӯзи 13 октябр 

  • Рӯзи ҷаҳонии тухм.
  • Дар Озарбойҷон -рӯзи кормандони роҳи оҳан.
  • Рӯзи фермерҳо дар ИМА.
  • Рӯзи кормандони адлия ва суд.
  • Рӯзи кормандони соҳаи фарҳанг дар Белорусия.

Рӯзи 13 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Баҳриддин Азизӣ (1896 – 1944) – шоир, нависанда.

Ноҳид Зайналпур (1970)- навозанда (ғижакнавоз).

Мирбобо Зиёев (1910 – 1974) – актёри театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Розия Зоолшоева (1939)- актрисаи театр.

Қодири Рустам (1958)- нависанда.

Парда Қосимов (1947) – сароянда, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Тоҷимат Сатторов (1948)- доктори илми педагогӣ.

Уруни Назар (Ворис) (1962) – шоир.

Чёрная Лидия (1904 – 1981) – доктори илми тиб, профессор.