Рейд дар бозорҳои “Саховат” ва “Деҳқон” барои фурӯши хӯриш: 45 фурӯшанда ҷарима шуд

Мутахассисони марказҳои назорати давлатии эпидемиологии шаҳру ноҳияҳо якҷо бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои назоратӣ доир ба ҳолати санитарии бозорҳои шаҳри Душанбе 12 рейд анҷом доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Масъулини сарраёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ шаҳри Душанбе таъкид намудаанд, ки дар 12 рейд ба бозорҳои “Саховат” ва “Деҳқон” 45 фурӯшанда барои риоя накардани меъёрҳои санитарию гигиенӣ ҷарима шуданд. иттилоъ додааст нашрияи “Ҷумҳурият”.

Рейд ё машварат: масъулини "Тоҷикстандарт" аз соҳибкорони бозори “Корвон” чӣ хостанд?

Масъулини маркази мазкур таъкид намуданд, нафаре, ки ҷарима шуданд ба фурӯши хӯришҳо дар ҷойҳои серодам ва канори роҳу гузаргоҳҳо машғул буданд.  

“Дар натиҷа, 67 фурӯшанда аз ҷойҳои номувофиқ ба ҷойҳои  ҷавобгӯи талабот  гузаронда, 129 нуқтаи савдои ба меъёрҳои санитарию гигиенӣ номувофиқ  барҳам ва 45 фурӯшанда ҷарима баста шуданд”, афзудааст масъулини сарраёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии пойтахт.

Манбаъ қайд намудааст, ки дар бозорҳои “Саховат” ва “Деҳқон” хӯришҳои  гуногунро дар ҳавои гарм бе ягон сарпӯш ва зарфи махсус дар дохили сатилҳои одӣ мефурӯшанд. Ва ин вазъ ин ниҳоди назоратиро нигарон кардааст.

Вай ҳамчунин афзудааст, ки дар бозорҳо ҳар моҳ  як  маротиба  барои санҷиши вазъи тозагӣ рӯзи санитарӣ гузаронда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Фарҳод Ҳасанов, мудири кафедраи беҳдошт ва экологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, зимни суҳбат бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” таъкид пешниҳод намудааст, ки фурӯшандаҳои хӯришҳо дар бозорҳи кишвар бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва дафтарчаи хулосаи санитарии худро дошта бошанд.