Ислоҳи камбудиҳо дар Кохи Лоиқ баъди нашри аксҳо

Ислом Зиёзода, раиси шаҳри Панҷакент, дар пайи нашри аксҳо аз ҳоли хароби Кохи Лоиқ дастур додааст, ки камбудиҳо ислоҳ шаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 окт - Sputnik. Хуршед Фозилов, хабарнигори тоҷик, ки аксҳои зери об мондани таҳхона ва лавозимоти ҳунармандонро дар Кохи Лоиқ нашр карда буд, ахиран изҳор дошт, ки бархе камбудиҳо ислоҳ шудаанд.

“Воқеан хоку хоктӯдаҳоро тоза кардаанду ҷӯй канда, барои об роҳ кушода, роҳҳоро семент кардаанд”, - навиштааст Фозилов дар саҳифаи фейсбукии худ. Ӯ бо нашри аксҳои ҷадид изҳор доштааст, ки баъзе камбудиҳои ислоҳталаб ҳанӯз ҷой доранд.

Бинои Маҷмааи фарҳангию эҷодӣ  ба номи Лоиқ Шералӣ яке аз иншооти ҷашнии соли 2018 дар шаҳри Панҷакент ба ҳисоб меравад. Дар расми ифтитоҳи он дар рӯзи 28-уми марти соли 2018 раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент иштирок дошт.

Ин бино аз таҳхона ва панҷ ошёна иборат буда, дар он ба ҳисоби курсҳои забономӯзӣ, маҳфилҳои эҷодӣ “Зардӯзию армуғонсозӣ”, “Адрасбофӣ ва қолинбофӣ”, “Сӯзанидӯзӣ ва қуроқдӯзӣ” амал мекунад.

Аммо тавре ҳоло шоҳидон мегӯянд, сақфи ин бинои навсохт хароб шудаву деворҳои он шӯр задааст. Хати барқ ҳам дар баъзе аз утоқҳои он дуруст кор намекунад ва аллакай зарурати гузаронидани таъмири куллӣ дар ин бинои навсохт ба вуҷуд омадааст. Вагарна аз бетаваҷҷӯҳӣ ҳолати бинои Маҷмааи фарҳангию эҷодӣ боз ҳам харобтар хоҳад шуд, мегӯянд, сокинони маҳаллӣ.