Файзов: "Моёншо Назаршоев ҷони худро барои ҳимояи Ватан ба душман бахшид"

Ба гуфти Ёдгор Файзов, маҳз ҷонбозиҳо ва хизмати чунин ашхоси миллати тоҷик буд, ки сулҳ ба Тоҷикистон баргашт ва давраи созандагӣ оғоз гардид.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Рӯзи 12 октябр, бо ташаббуси мақомоти Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, конфронси илми- назариявӣ бахшида ба 90 солагии арбоби сиёсию давлатӣ, академик Моёншо Назаршоев баргузор шудааст.

Файзов бо мақомдорони Бадахшон ба оромгоҳи Моёншо Назаршоев рафта гулчанбар гузоштанд

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии мақомоти вилоят, дар ҳамоиш, раиси вилоят, Ёдгор Файзов, муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори ситоди байниидоравӣ ва таъмини амният дар вилоят Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, раиси ноҳияи Шуғнон Гиёзода Азиз Қодир собиқадори меҳнат Соҳибназар Бекназаров, устодони Донишгоҳи давлатии Хоруғ, фаъолони ноҳияи Шуғнон, хешу наздикони академик Моёншо Назаршоев ширкат кардаанд.

Конфронсро раиси ноҳияи Шуғнон Гиёзода Азиз Қодир кушода эълон намуда сухани ифтитоҳиро ба раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов додааст.

Раиси вилоят аз оғози фаъолияти кории Моёншо Назаршоев сухан карда қайд намудааст, ки Моёншо Назаршоев яке аз фарзандони фарзонаи миллати точик буд, ки ҷони худро баҳри ҳимояи Ватан ба душман бахшид.

"Тамоми ҳаёту фаъолияти ин марди ҳақиқатҷӯ ба он нигаронида шуда буд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол, бахусус Бадахшон ҳарчӣ зудтар аз бӯҳрони сиёсию иқтисодӣ, маънавию фарҳангӣ бароварда шавад. Моёншо Назаршоев ба тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ сафар карда, ба ҳаёт ва зисту зиндагонии мардум аз наздик ошно мегардид ва онҳоро ба сулҳу осоиш, ризоияту ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекард", - гуфтааст Файзов.

Раиси вилоят афзудааст, ки Моёншо Назаршоев моҳи феврали соли 1994 муовини Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегаргардид нав дар Ҳукумат аз ӯ масъулияти дучандро талаб мекард.

Файзов: эътимоди мардуми Бадахшонро на танҳо дар сухан, балки дар амал низ эҳсос мекунам

"Беҳтар намудани шароити таълиму тарбия дар мактабҳои миёна, миёнаи махсус, олӣ, зиёд намудани маоши коркунон ва кормандони муассисаҳои табобатию фарҳангӣ ва ғайраҳо ҳадафи ҳаррӯзаи фаъолияташ қарор мегиранд. Моёншо Назаршоев бисёр корҳоро анҷом медод, агар душманони миллат бо кирдори разилонаи худ риштаи ҳаёти ин ходими барҷастаи давлатиро моҳи марти соли 1994 барнамеканданд", - гуфр раиси вилоят.

Ба гуфти Ёдгор Файзов, маҳз ҷонбозиҳо ва хизмати чунин ашхоси миллати тоҷик буд, ки сулҳ ба Тоҷикистон баргашт ва давраи созандагӣ шурӯъ гардид.

Ҳамчунин дар ин ҳамоиш Бекназаров Соҳибназар собиқадори меҳнат, устоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ Элъбон Ҳоҷибеков ва дигарон оиди зиндагинома ва фаъолияти кории Моёншо Назаршоев маърӯзаҳои худро пешкаши иштирокдорони конфронс намудаанд.