ДУШАНБЕ, 13 окт - Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, сохтмони шаҳраки мазкур ҳафтаи равон оғоз шуда, тибқи нақша 22 бинои истиқоматии дар ин ҷо бунёдшаванда аз 6, 7 ва 8 ошёна иборат мебошад.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, шаҳраки мазкур дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе бунёд шуда, муҳлати сохтмони он дар се марҳила 5 сол муқаррар гардидааст.
“Шаҳраки замонавӣ бо биноҳои истиқоматию хизматрасонӣ, кӯдакистон, майдончаҳои варзиш, майдонча барои бозии кӯдакон, айвону гулгаштҳои истироҳатӣ ва таваққуфгоҳ бо фароҳам овардани шароити хуб барои зиндагии сокинон бунёд карда мешавад”, - омадааст дар иттилоия.
Пул гирифту манзил надод: директори "Союз-Сохтмон" ба 11 соли зиндон маҳкум шуд
Манбаъ афзуд, ки кӯдакистон барои дар як вақт ба тарбия фаро гирифтани 250 кӯдак ва мактаб барои 640 нафар пешбинӣ гардидааст. Дар шаҳраки нав маркази хизматрасониҳои коммуналӣ ва нуқтаи хизматрасонии тиббӣ низ ташкил карда мешавад.