Барканорӣ дар раёсати “Амонатбонк” баъди худро парондани Турдиев

Дар пайи худкушии Ориф Турдиев, сармуҳосиби собиқадори “Амонатбонк” аз силоҳи муҳофиз дар ҷои кораш дар ноҳияи Ишкошим, бархе аз масъулини ин бонки давлатӣ барканор шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ,  13 окт - Sputnik. Аз ҷумла Амина Шермамадова, мудири дафтари “Амонатбонк” дар Ишкошим аз мақомаш барканор гардид, хабар доданд манобеи Sputnik Тоҷикистон.

Куштор ё худкушӣ: шарҳи расмии марги Азимшоев - масъули Комиссариати ҳарбии ВМКБ

Манбаъ афзуд, ки феълан таҳқиқи худкушии  Ориф Турдиев, дар бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон Амонатбонк дар ноҳияи Ишкошим идома дорад.

Турдиеви 47-сола дар бинои Амонатбонк, аз тири силоҳи муҳофизи ин бонк худро парронда, дар натиҷаи хунравии зиёд, дар роҳ ба бемористон ба ҳалокат расидааст.

Иллати дақиқи даст ба худкушӣ задани ин собиқадори бонки давлатии Тоҷикистон феълан маълум нест, аммо бархе аз манобеъ онро ба санҷиши фаъолияти дафтари бонк рабт медиҳанд.

Онҳое, ки Турдиевро аз наздик мешинохтанд, мегӯянд, ки ин собиқадори Амонатбонк вақтҳои охир, як каме хаставу роздор ба назар мерасид.

Ориф Турдиев ҳудуди 22 сол дар низоми бонкдорӣ кор карда, падари серфарзанд будааст.