Ҷашнҳои рӯзи 12 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи 12 октябр Рӯзи забони испанӣ дар СММ, Рӯзи кӯдакон дар Бразилия, Рӯзи кашфи Амрико дар Чили, Рӯзи ҷаҳонии биноён ва Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо артрит мебошад
Sputnik

Рӯзи 12 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1901 Теодор Рузвелт қароргоҳи Президенти ИМА- ро расман  "Қасри сафед" номгузорӣ намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 12 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

соли 1950 дар ИМА нахустин мактаби тиббии занона- Коллеҷи тиббии Пенсилвания кушода шуд.

Соли 1968 дар Мехико Бозиҳои XIX олимпӣ доир гарида, 27 октябр ба анҷом расиданд.

Соли 1999 дар пойтахти Босния- шаҳри Сараево  6-миллиардумин сокини сайёра ба дунё омад.

Ҷашнҳои рӯзи 12 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2000 олимони амрикоӣ устухонҳои тиранозаврҳоро пайдо намуда буданд ва аз ҳама калонтарини онро ба яке аз осорхонаҳои Чикаго ба маблағи 8,5 млн доллар фурӯхтанд.

Соли 2015 Александр Лукашенко барои панҷумин бор президенти Белорус интихоб шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 12 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи 12 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Аълоҳазрат Оқохони IV Маркази исмоилияи шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 12 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2012 Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни сохтмон ва ороишу таҷҳизи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази фарҳангию фароғатии "Кохи Наврӯз" шинос шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 12 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2013 дар Маркази Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон як варзишгоҳи дорои 5 ҳазор ҷойи нишаст бо ду толори варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Соли 2013 дар маркази шаҳри Исфара 3 корхонаи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд.

Соли 2015 Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд Созишномаи «Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA 1000»-ро ба имзо расониданд.

Соли 2016 китоби президенти Ассотсиатсияи рӯзноманигорони соҳаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латипов таҳти унвони «Дилшод Назаров – қаҳрамони олимпӣ» нашр шуд.

Соли 2018 Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи нишасти сарони Ҳукуматҳои узви СҲШ бо нахуствазирони кишварҳои аъзо мулоқот кард.

Соли 2018 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе  бо нахуствазири Русия Дмитрий Медведев мулоқот кард.

Ҷашнҳои рӯзи 12 октябр

  • Рӯзи забони испанӣ дар СММ.
  •  Рӯзи кӯдакон дар Бразилия.
  • Рӯзи кашфи Амрико дар Чили.
  • Рӯзи ҷаҳонии биноӣ.

  • Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо артрит.

  • Дар Русия рӯзи кормандони соҳаи кадрӣ.

  • Дар Арманистон рӯзи мубориза бо тамокукашӣ.

Рӯзи 12 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Искандари Хатлонӣ (1954-2000)- шоир.
Музаффар Камолов (1943) – меъмор.

Павел Лукнитский (1902 – 1973) – нависанда, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Ғиёсиддин Мироҷов (1944) – доктори илми тиб, профессор, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.

Очилзода Абдусамӣ (1911-1992)- нависанда.

Талабхӯҷа Сатторов (1953 – 2007) – оҳангсоз, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Умаралӣ Сатторов (1953)- актёри театр.

Александр Семенов (1873 – 1958) – муаррих, академики АИ Тоҷикистон,Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Ҳаким Абдумаҷид (1936) – шоир.

Рустам Шукуров (1961)- доктори илми таърих.

Рӯзи 12 октябр дар Тоҷикистон кӣ вафот кардааст

Соли 2011 Юсуф Акобиров, нависандаи халқии Тоҷикистон.

Соли 2017 Ҳабиббулло Беков, фалаксарои маъруфи Тоҷикистон.