Норозигии Аҳмадзода аз масъулин Суғд: сабаби барҳамхӯрии корхонаҳои саноатӣ дар чист?

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят Суғд аз вазъи соҳаи саноат дар Суғд норозигӣ карда ба масъулин барои вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва ислоҳи камбудиҳо дастуру супоришҳои мушаххас додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Ахиран таҳти раёсати Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи ҷамъбастӣ доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нуҳ моҳи соли равон баргузор гардид, ки дар он раиси вилоят фаъолияти масъулини соҳаи саноати вилоятро нокифоя арзёбӣ кард.

Аҳмадзода бовар дорад сарбозон ва генералҳо марзи Тоҷикистонро хуб ҳимоят мекунанд

Тавре дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст, Раҷаббой Аҳмадзода, зимни ҷаласа аз масъулин сабабҳои барҳамхӯрии якчанд корхонаҳои соҳаро пурсон шуд.

Сипас раисви вилоят ба масъулини соҳа дастур дод, ки барои беҳтар намудани вазъи соҳа ситоди махсус ташкил ва камбудиҳо бартараф карда шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода аз раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, Гулистон, Айнӣ, Мастчоҳ, роҳбарони як қатор сохторҳои вилоятӣ вазифадор намуд, ки барои вусъати корҳои созандагию ободонӣ, бунёди иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, бахусус коргоҳҳои саноатӣ, иҷрои нақшаи андоз, коркард ва содироти бештари маҳсулот, ҷамъоварии саривақтии ҳосили пахта, чораҳои зарурӣ андешанд.

Инчунин вай ба масъулин гуфт барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳо, ба роҳ мондани фаъолияти самарабахши гармхонаҳо, танзими нархи маҳсулот дар бозорҳо, таъмини нақшаи даъвати ҳарбӣ, солимии ҷомеа, пешгирии ҳар гуна ҳодисаҳо ва амалҳои номатлуб, муҳайё намудани шароити мусоид барои сайёҳон, пардохти саривақтии музди меҳнат, пардохти маблағи нерӯи барқ, бунёди майдончаҳои варзишӣ, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ва дигар масъалаҳои муҳим корбарӣ намоянд.

Мулоқоти Аҳмадзода бо яклухтфурӯшҳои меваю асал дар Русия

Бино бар иттилои мақомоти вилояти Суғд дар зарфи 9 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 8,9 млрд. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 1,1 млрд. сомонӣ ё 113,8 фоиз ва бо назардошти индекси нархҳо бошад, 107,7 фоизро ташкил медиҳад.

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар вилоят бунёди 300 корхонаву коргоҳи саноатӣ бо 9000 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар соли 2019 ба истифода додани 100 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 1730 ҷойи нави корӣ дар назар дошта, давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар миқёси вилоят 82 корхонаву коргоҳи нав ба фаъолият шурӯъ карда аст.