ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, шоми имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон консерти рақси классикии ҳиндӣ доир мешавад. Барномаи тафреҳиро ҳунарманди машҳури Ҳиндустон Боби Чакрабортӣ ва тими ӯ баргузор мекунанд.
Манбаъ меафзояд, Боби Чакрабортӣ бо сафари ҳунарӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.
Раҳимзода ба тақвияти ҳамкориҳо бо Ҳиндустон умед дорад
Зимнан, ҳадаф аз баргузор намудани барномаи мазкур ин тақвияти робитаҳои фарҳангии ду давлат ва муаррифии фарҳанги халқи ҳинд ба ҳисоб меравад.
Бодя қайд намуд, ки консерти рақси классикии ҳиндӣ дар Душанбе дар доираи ҳамкории фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон бо ибтикори Вазоратҳои фарҳанги ҳар ду кишвар баргузор мегардад.
Мулоқоти Ҳикматуллозода бо сафири навтаъини Ҳиндустон дар Тоҷикистон