Ҳамоиши роҳбарони мақомоти гумруки ИДМ дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Ҷаласаи 20-уми Кумитаи роҳбарони  воҳидҳои ҳифзи  ҳуқуқи Шӯрои  роҳбарони хадамоти  гумруки ИДМ 17 октябр дар шаҳри Душанбе дар назар аст, иттилоъ дод, хабаргузории миллии Тоҷикистон, “Ховар”.

Назорат дар марзи Тоҷикистон пурзӯр мешавад

“Дар назар аст, ки дар ҷаласаи  20-уми  Кумитаи роҳбарони  воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои  роҳбарони хадамоти  гумруки ИДМ масъалаҳои муҳими марбут ба тақвияти ҳамкории гумрукӣ дар доираи Иттиҳод  баррасӣ гарданд”, - омадааст дар иттилоия.

Бар асоси иттилои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон, дар доираи  баргузории  ҷаласаи 20-уми  Кумитаи роҳбарони  воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои  роҳбарони хадамоти  гумруки ИДМ  ҷаласаи 18-уми  роҳбарони шабакаи  алоқаи  миллии RILO-Москва доир мешавад.

Интизор меравад, ки иштирокчиёни ҷаласаи  20-уми  Кумитаи роҳбарони  воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои  роҳбарони хадамоти  гумруки ИДМ аз мавзеъҳои фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла Осорхонаи миллии кишвар ва минтақаи Варзоб дидан намоянд.