Супориши Раҳмон ва Бердимуҳаммадов ба Вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар

Кишвардорон Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бермуҳаммадов ба Вазоратҳои хориҷии ду кишвар супоришҳои қатъӣ доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ишқободи Туркманистон дар ҳошияи Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кардааст.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Мулоқоти президентҳо: Бердимуҳаммадов наомад, Раҳмон меравад?

Эмомалӣ Раҳмон президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро барои раисии муваффақона дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табрик кардааст.

Сарони давлатҳо нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмӣ-техникиро барои таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ба сатҳи сифатан нав баровардани равобити дуҷониба, муҳим арзёбӣ кардаанд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати сабук ва кӯҳӣ, кишоварзӣ, аз ҷумла додугирифти маҳсулоти кишоварзӣ, бахши сармоягузорӣ, беҳсозии ҳамгироӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, обию энергетикӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва туризмро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

"Ба вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар супориш дода шуд, ки ҷиҳати баррасии масоили сиёсӣ ва амниятӣ машваратҳои сиёсӣ доир намоянд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин, ҷонибҳо ҷиҳати афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар андешидани чораҳои мушаххасро зарур шумурдаанд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо оид ба таъмини амнияти минтақа ҳамчун яке аз масъалаҳои мубрам, аз ҷумла вазъи Афғонистон, мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, ифротгароии динӣ, қочоқи маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гуфтугӯи кардаанд.

Таъкид гардидааст, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамкории зичи сохторҳои низомии ду кишвар муҳиму саривақтӣ мебошад.