Раҳмон Мирзиёевро бо раисӣ шодбошу ба Бердимуҳаммадов сипос гуфт

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, маъруф ба “клуби президентҳо” дар Ишқобод ҷонибдорияшро аз густариши ҳамкориҳо баён дошт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон,  дар ҷаласа натиҷаи раёсати Туркманистон ва  интихоби раёсати Иттиҳод дар соли 2020 баррасӣ карда шуд.

Фармони нави Раҳмон: аз ҳисобу ҳолпурсии як ба яки мардум то дин

Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор доштааст, ки ҳамкории гуногунҷанбаи иқтисодӣ, таҳкими муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳо ва тавсеаи робитаҳои гуманитарӣ аз натиҷаҳои бобарор ва назарраси ҳамгироии ҷонибҳо дар солҳои гузашта мебошад.

Дар интиҳои кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо, аз ҷумла Изҳорот дар бораи ҳамкории стратегии иқтисодии давлатҳои узви ИДМ қабул гардид.

Роҳбарони кишварҳои узви созмон инчунин қарор кардаанд, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2020 дар Ҷумҳурии Узбакистон баргузор гардад.

Раҳмон "хушбахт" аст. Мирзиёев ташаббусҳояшро дар арсаи байналмиллалӣ дастгирӣ мекунад

Котиботи раисиҷумҳур гуфт, дар ин зимн Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти муваффақонаи Туркманистонро дар садорати Иттиҳод таъкид карда, ҷониби Узбекистонро ба муносибати гирифтани раёсат дар соли оянда шодбош гуфта, ба Мирзиёев дар иҷрои вазифаи сермасъули раисӣ барори кор орзу намуд.