ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Ҷавонони шаҳри Кӯлоб ва Турсунзода ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон унвони дукаратаи “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шавад.
“Хоҳиш менамоем ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои хизматҳои беназири таърихӣ, ки дар масири мавҷудияти халқи тоҷик қиммати бебаҳо дорад, унвони дукаратаи “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шавад”,- таъкид намудаанд ҷавонони Кӯлобу Турсунзода дар муроҷиатнома хаб ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар мақолаи нашркардаи "Ҷавонони Тоҷикистон" таъкид шудааст, ин анъанаи таърихист, ки қасрҳову кушкҳо ва иншооти бузургро баҳри хизматҳои шоёни нафаре ба номи ӯ, ё бунёдгузори он мегузоранд.