Дар Душанбе ғоратгари моҳир бо лақаби "Сангак" боздошт шуд

Раёсати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷинояткор хабар медиҳад, ки бо роҳи зӯрӣ ва ошкоро дар чандин амалҳои ғоратгарӣ даст доштаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Ба иттилои Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе, кормандони милитсия як нафар ғоратгари моҳир маъруф ба "Сангак"- ро боздошт намуданд.

Қотили Мустафо Наимов - узви фаъоли созмони "Авангард" дастгир шуд

Манбаъ меафзояд, номбурда Бозоров Раҳмиддини 21 - сола, зодаи вилояти Хатлон ва истиқоматкунандаи ноҳияи Сино мебошад.

Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, Бозоров ҳанӯз 25 сентябри соли ҷорӣ тахминан соати 02:00 шаб ҳангоми дар кӯчаи Гипразем дар дохили тарабхонаи "Самира" қарор доштанаш ба таври ошкоро як адад телефони мобилии шаҳрванд Шарифов Алишер, донишҷӯи соли якуми Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат, ки 5 500 сомонӣ арзиш доштааст, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.

Боздошти ҷавони 22-сола, ки гӯшворҳои тиллоиро аз гӯши кӯдакон медуздид

Гузашта аз ин номбурда дар се ҳолати дигари ғоратгарӣ низ даст доштаст.

"Аз ҷумла як адад телефони мобилии як нафар сокини пойтахтро, ки 2 000-сомонӣ арзиш доштааст ба таври зурӣ аз они худ намудааст. Инчунин номбурда як ададӣ гарданбанди тиллогини ду нафар сокинони дигари пойтахтро низ ошкоро тасарруф намудааст", - омадааст дар иттилоия. 

Дар Душанбе ҷинояткори махсусан хавфнок ҷустуҷӯ мешавад

Феълан нисбати гумонбаршаванда Бозоров Раҳмиддин тибқи  моддаи 248 қисми 2 (Ғоратгарӣ) Кодекси ҷиноятии Тоҷикисвтон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.