Вячеслав Володин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд

Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия зимни сафари расмиаш ба Тоҷикистон бо роҳбарони ду палатаи парлумони Тоҷикистон дидору мулоқот хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 окт – Sputnik. Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд, иттилоъ додааст ба Sputnik Тоҷикистон дастгоҳи раиси Думаи давлатии Русия.

Зуҳуров ва Володин тасмим гирифтанд ҳамкориҳои байнипарлумониро густариш диҳанд

Қарор аст, дар доираи сафари худ Володин бо мақомоти олии Тоҷикистон ва Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дидору мулоқот намояд.    

Инчунин, Вячеслав володин зимни сафараш ба Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон хоҳад равфт ва бо донишҷӯёни ӯстодони дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

Сафари кории раиси Думаи давлатии Русия 19-20 октябри соли равон сурат мегирад.

Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон Вячеслав Володинро ҳангоми сафари расмиаш ба Русия дар моҳи апрел ба Тоҷикистон даъват карда буд.

“Ман мехоҳам Шуморо ҳамроҳ бо намояндагони фраксияҳо ба Тоҷикистон даъват намоям”, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти дуҷониба бо Вячеслав Володин.