Намедонам чаро: таассуфи Раҳмон аз дастгирӣ нашудани пешниҳодаш дар ҷаҳони Ислом

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, таассуфовар хонд, ки бархе пешниҳодҳояш бо ҳадафи сарҷамъии уммати мусалмону густариши ҳамкориҳои кишварҳои мусалмонӣ чандон дастгирӣ наёфтаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, борҳо таъкид намудааст, ки кишварҳои пешрафтаи аз лиҳози иқтидори иқтисодӣ бойи олами ислом имконият доранд, ки барои дастгирии кишварҳои рӯ ба инкишофи ҷаҳони ислом кумак кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон: саҳми кишварҳои арабӣ дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бояд бештар шавад

Раҳмон дар суҳбат бо шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” мисол овард, ки агар 10 фисади маблағҳое, ки дар бонкҳои кишварҳои абарқудрат ва пешрафта нигаҳдорӣ мешаванд, ба як фонди мутамарказ дар базаи бонки исломӣ ва барои дастгириву кумак ба кишварҳои рӯ ба инкишофи ҷаҳони ислом равона созанд, ҳам ба манфиати кишварҳои арабӣ, ҳам барои муттаҳидӣ ва сарҷамъии уммати мусулмон мусоидат мекунад.

“Лекин афсӯс, ки ин чизҳо на он қадар шунида мешавад ва дастгирӣ карда мешавад. Ин боиси афсӯс аст”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, намедонад, сабаб чист, ки таваҷҷуҳи кишварҳои арабӣ ба минтақа, чандон фаъол нест.

"Ҳол он ки мо таъриху тамаддуни муштарак дорем. Мо яке аз аввалин кишварҳои собиқ Шӯравӣ ҳастем, ки бо ташаббуси ин ҷониб, ки бисёриҳо дар он давра ба он зид буданд, аъзои Конфронси исломӣ шудем, зеро бо ҷаҳони ислом хеле таърихи тӯлонӣ  дорем",- изҳор дошт Раҳмон.

Сармоядори тоҷик бо харҷи 1 миллиард дар Душанбе корхона месозад: Ҳукумат сабукӣ дод

Ӯ дар мавриди саҳми сармоядорони араб дар рушди Тоҷикистон таъкид намуд, ки аслан чандон қонеъкунанда нест.

“Ҷаҳони араб ба кишварҳои минтақа бояд ба таври кофӣ таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Метавон гуфт, ки давраи сипаришуда дар муносибатҳои мо  марҳилаи омӯзишӣ буд. Аммо, аз нигоҳи мо, марҳилаи омӯзишӣ тӯлонӣ шуд. Аллакай 28 сол гузашт. Имрӯз ҳамкориҳои мо бо кишварҳои арабӣ дар ҳоли рушд қарор доранд ва ҳоло дар сатҳи  қонеъкунанда қарор надоранд”, - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва ҳамкориҳо дар соҳаи фаъолиятҳои инсондӯстона кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода истодааст, “чунки мо мардумони тоҷик ва ҷаҳони араб умумиятҳои хеле бо ҳам наздик ва зиёде дорем”.

Путин гуфт, кадом хислатҳои мусалмонон хурсандиоваранд

Ӯ таъкид намуд, ки барои ҳузури фаъоли иқтисодӣ ва сармоягузорӣ аз кишварҳои арабӣ пайваста даъват мекунад, аммо феълан мисолҳо дар ин ҷода он қадар зиёд нестанд.