Митрофанова: муҳоҷирон Русияро ба хотири шароити хуби меҳнатӣ интихоб мекунанд

Валентина Митрофанова, коршиноси рус шарҳ дод, ки барои чӣ муҳоҷирони меҳнатӣ Русияро интихоб мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Ба гуфтаи коршиноси рус Валентина Митрофанова, кор дар Русия барои муҳоҷирони меҳнатӣ судманд аст.

“Муҳоҷири корӣ Русияро ба хотири он интихоб мекунад, ки баъзе аз шароити корӣ дар инҷо беҳтар аз кишвари худаш аст. Онҳо дар Русия кор мекунанду оилаҳои худро дар кишварашон таъмин месозанд”, - гуфт коршинос Валентина Митрофанова ба Sputnik Тоҷикистон.

Митрофанова: муҳоҷирон Русияро ба хотири шароити хуби меҳнатӣ интихоб мекунанд

Вай инчунин қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир, сатҳи донишу ихтисоси коргароне, ки ба Русия меоянд, ба назар гирифта намешаванд.

Танҳо дар 8 моҳ беш аз 411 ҳазор тоҷикистонӣ ба муҳоҷират рафтанд

“То чӣ андоза нафаре, ки ба Русия меояд мутахассис ҳастанд? Оё донишу ихтисоси нафароне, ки ба Русия меоянд, баҳогузорӣ карда мешавад ё на? Бояд гуфт, ки имкони воридшавии муҳоҷирони ғайри касбӣ вуҷуд дорад. Мо бояд инро ошкоро дарк намоем”, - илова кард коршинос.

Митрофанова афзуд, ки барои муҳоҷироне, ки вориди Русия мешаванд хавф вуҷуд дорад.

“Муҳоҷир бояд бидонад, ки агар ӯ мехоҳад дар ягон ширкат кор кунад, ӯро расман ба кор қабул намекунанд. Дар ин сурат корфармо аз маоши ӯ ба фонди нафақа маблағ ҷудо намекунад. Ба ҳамин хоир ӯ наметавонад аз фонди нафақа ба мақомоти дахлдори Русия борои бо тартиби содда ба даст овардани шаҳрвандӣ маълумот пешниҳод намояд”, - зикр намуд коршинос Валентина Митрофанова.