ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Занозании ахири муҳоҷирон назди бозори Хилокски дар Новосибирск боиси баргузор намудани рейд аз ҷониби кормандони пулис гардид.
Бар хабари сомонаи РИА Новости, дар задухӯрди ду гурӯҳи муҳоҷирон, аз тапончаи пневматикӣ низ истифода шудааст, ки дар натиҷа чанд нафар бо бардоштани захми ҷиддӣ аз тири резинӣ ба пизишкон муроҷиат намуданд.
Беш аз 400 муҳоҷирро аз Петербург пеш карданд
Манбаъ меафзояд, ҳодисаи мазкур зӯҳри 7 октябри соли равон, дар кӯчаи Малигин миёни муҳоҷирон ба сабаҳоиоддии маишӣ рух додаст.
Аз панҷ нафаре, ки бар асари тир хӯрдан аз силоҳи пневмитикӣ осеб диданд. пизишкон як нафари онҳоро бистарии беморхона намуданд, гуфта мешавад дар хабар.
"Имрӯз кормандони полис якҷоя бо намояндагони Гвардияи Русия дар қаламрави ҳамшафати бозори Хилокски ноҳияи Ленскии Новосибирск чораҳои пешгирикунанда барои риояи қонунҳои муҳоҷират мегузаронанд", - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.
Қаблан, дар шабакаи иҷтимоии ВКонтакте наворе пайдо шуд, ки дар он шоҳидон сабаби муноқишаро шарҳ дода гунаҳкори асосии онро "гурӯҳи мусаллаҳи Тамерлан" арзёбӣ намуданд. Ба нақли шоҳиди ҳодиса, гурӯҳи мазкур солҳо боз ба ғорати одамон машғуланд.
Дар вилояти Маскав беш аз 90 муҳоҷирони ғайриқонунӣ дастгир шуданд
Дар навор гуфта мешуд, ки рӯзи душанбе пас аз як ғоратгарии навбатӣ ва беамалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар посух ба изҳороти хаттӣ, сабру таҳаммули кормандони бозор лабрез шуда даст ба занозанӣ заданд.