Саши Заифӣ: "Наргис Бандишоева дурахшонтарин ситораи эстрадаи тоҷик буд"

Барди номдори тоҷик Саши Заифӣ сарояндаи ғӯрамарг - Наргис Бандишоеваро аз дурахшонтарин ситораҳои эстрадаи тоҷик гуфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Наргис Бандишоева - сарояндаи ҷавонмарги тоҷик имрӯз 8 октябр зодрӯз дорад. Агар умр вафо мекард ин бонуи ҳунар имрӯз, 53 сола мешуд.

"Наргис Бандишоева дурахшонтарин ситораи эстрадаи тоҷик буд", - гуфт Саши Заифӣ зимни консерташ дар Маскав, ки дар рӯзи зодрӯзи Наргис 8 октябри соли 2016 дар толори консертии "МИСИС" баргузор шуда буд.

Саши Заифӣ: "Наргис Бандишоева дурахшонтарин ситораи эстрадаи тоҷик буд"

Саши Заифӣ аз он изҳори хушнудӣ кард, ки барномаи ҳунариаш дар шаҳри бузурги Русия маҳз ба рӯзи зодрӯзи Наргис рост омада буд.

"Имрӯз (манзур 8-уми октябр-шарҳ аз идора) рӯзи зодрӯзи шодравон Наргис Бандишоева мебошад ва ман беҳад шодам, ки рӯзи консерти ман низ ба ин рӯз рост омад, зеро ӯ дурахшонтарин сарояндаи эстрадаи тоҷик буд",-гуфт Саши Заифӣ дар консерт.

Зиндагиномаи Наргис Бандишоева

Наргис Бандишоева  8 октябри соли 1966 дар шаҳри Душанбе дар хонаводаи оҳангсози маъруф Ҳукуматшоҳ Бандишоев ва ҳамсараш Бунафша Бекова ба дунё омадааст. Наргис бародарзодаи ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон овозхони номдор Савсан Бандишоева ва оҳангсозу наққоши маъруф Марватшоҳ Бандишоев мебошад.

Наргис дастпарвари мактаби мусиқии "Чайковский" - и Душанбе буда, падараш фориғуттаҳсили Консерваторияи Маскав (ҳамкурси Александр Пахмутов ва Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ) мебошад.

Навохтани фортепианоро падараш ба ӯ омӯзонидааст. Пас аз таҳсил дар ин мактаб Наргис дар Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода аз омӯзгоронаш аз ҷумла устод Меҳрубон Назаров, падари Далер Назаров, хунар омӯхтааст.

Наргис донишҷӯи соли панҷуми Донишгоҳи Мирзо Турсунзода буд, ки соли 1989 дар озмуни "Нахустин ҳунарнамоии ҷавонон" ширкат кард. Ӯ бо суруди шуғнии Олег Фезов "Лалаик" дар ин озмун пирӯз шуд ва соле пас дар ҷашнвораи "Иссиқ-Кӯл — 89" ширкат кард ва барандаи унвони "Мисс Иссык-Куль — 89" гарид, ки арзёбие буд аз ҳунару шеваи овозхонии нотакрораш.

Дар пайи пирӯзӣ дар ин озмун ӯро барои ширкат дар озмуни "Юрмала" дар Маскав даъват карданд. Ширкат дар ин озмун барояш такондиҳанда шуд: як шарти ин озмун овозхонӣ бо фонаграмма буд. Ҳангоме, Наргис ба саҳна баромад, касе аз бадандешонаш фонограммаашро гум кард сароянда натавонад ҳунарнамоӣ кунад.

Ин рӯйдод ба Наргис чунон асар гузошт, ки ӯ дигар намехоаст дар озмунҳо ширкат кунад. Аммо наздиконаш водораш карданд, ки аз ширкат дар  озмуни "Садои Осиё" руй натобад.

Озмуни "Садои Осиё" дар соли 1991 яке аз муҳимтарин рухдодҳои фарҳангӣ дар Иттиҳоди Шуравӣ буд. Барои ширкат дар ин озмун 150 овозхон довталаб шуданд, аммо доварон барои ширкат дар бахши ниҳоӣ танҳо 30 касро интихоб карданд, ки аз беҳтарин ҳунармандону овозхонони кишвар махсуб мешуданд.

Аз Тоҷикистон дар ин озмун ба ҷуз Наргис, Далер Назаров, Кароматуллоҳ Қурбонов, Парвиз Назаров, Олег Фезов ва Парвина Юсуфӣ ширкат доштанд.

Наргис дар ин озмун пирӯз шуд ва ситораи мусиқии Тоҷикистон ва Осиёи Миёна гашт. Наргис бештари сурудҳояшро аз ашъори номдортарин шоирони тоҷик интихоб мекард. Наргис сабки нотакроре дошт ва то кунун дар Тоҷикистону ҷаҳон дӯстдорони бешумор дорад.

Наргис Бандишоева 21 сентябри 1991 дар садамаи нақлиётӣ дар роҳи Варзоб — Душанбе халок шуд. Ӯро дар Душанбе ба хок супурданд.