Муҳандисони эронӣ барои сохту сози нақби “Анзоб” ба Тоҷикистон меоянд

Муовини вазири нерӯи Эрон дар умури обу оби фозилоб аз такмили тарҳи нақби 6 километрии Анзоб дар Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисони дохилӣ хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Қосими Нақизодаи Хомисӣ дар ҳошияи Нишасти қоим мақоми вазири нақлиёти Тоҷикистон бо вазири нерӯи Эрон афзуд, ҳазинаи иҷрои ин тарҳ ҳудуди 10.5 миллион доллар аст, ки ниме аз онро Эрон ва боқимондаи онро  Тоҷикистон пардохт хоҳад кард, иттилоъ додааст хабаргузории Parstoday.

Эрон маблағгузории нақби "Истиқлол"- ро аз сар мегирад

Тавре муовини вазири нерӯи Эрон афзуд, дарсададем бо такмили ин тарҳ фаолиятҳои бисёр бештареро бо ин кишвар оғоз кунем ва умедворем, то пеш аз баргузории Камиссиони муштараки ду кишвар битавонем ба натиҷаҳои мусбате барои тавсеаи ҳамкориҳои Душанбе-Теҳрон даст ёбем.

Вай бо ишора ба барномарезии сурат гирифта барои тамом кардани нақби Анзоби Тоҷикистон гуфт, ин нақб яке аз тарҳҳоест, ки аз ҷониби ширкатҳои эронӣ мароҳили ниҳоии сохти худро дар ин кишвар тай мекунад ва дар ин сафар муқаррар шудааст, то дар хусуси мароҳили насби таҷҳизоти боқимондаи нақб музокироти лозим сурат гирад.

Тақизодаи Хомисӣ бо баёни инки Вазорати нерӯи Эрон масъулияти Камиссиони муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Эрон ва Тоҷикистонро бар уҳда дорад афзуд, бар асоси барномарезии суратгирифта сездаҳумин Камиссиони муштараки ҳамкориҳои ду кишвар дуввум ва севвуми декабр дар Теҳрон баргузор хоҳад шуд.