Гирандагони ҷоизаи Нобелӣ дар соҳаи физика маълум гардиданд

Кумитаи Нобели назди Институти тиббии Каролин ғолибонро дар ришта физика барои соли 2019 эълон намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Дар шаҳри Стокголм гирандагони ҷоизаи Нобел дар риштаи физика барои соли 2019 эълон гардид.

Ғолибонро рӯзи сешанбе Кумитаи Нобели назди Институти тибби Каролин эълон кард.

​Мувофиқи қарори комисия ҷоизаи Нобелро дар соҳаи физика Ҷеймс Пиблз, Мишел Майор ва Диде Келоз соҳиб шуданд.

Иттилоъ дода мешавад, ки ҷоизаи Нобел ба Ҷеймс Пибл барои ихтироъи назариявӣ дар соҳаи космологияи физикӣ ва Мишел Майор ва Диде Келоз барои кашфи планетаи экзотикӣ, ки дар гирди ситораҳои офтобшакл давр мезанад дода мешавад.

Гирандагони ҷоизаи Нобелӣ дар соҳаи тиб маълум гардиданд

Чорабинии супурдани ҷоизаҳои Нобел чун анъана дар рӯзи 10 декабр муайян шудааст , яъне дар рӯзи марги таъсисдиҳандаи ин туҳфаи қиматбаҳо, соҳибкори шведсиягӣ ихтироъкор Алфред Нобел.

Ҷоизаи Нобел яке аз ҷоизаҳои қиматбаҳои байналмилдалӣ дар дунё шинохта шудааст.

Ин ҷоиза ҳарсол ба олимони соҳаҳои гуногун барои ихтироъкориҳо ва навовариҳои намоён дода мешавад.

Дар васиятномаи Нобел ҷудо намудани ҷоиза барои ихтироот дар соҳаҳои физика, химия, физиология ва ё тиб, адабиёт пешбинӣ шуда буд.

Ҳамчунин ин ҷоиза барои пойбарҷо гузоштани сулҳ дар рӯи замин дода мешавад.