ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбат бо шабакаи телевизионии “Ал - ҷазира”-и давлати Қатар вазъи имрӯза дар Афғонистонро хеле мураккаб аст.
“Мо чандин маротиба иброз ҳам доштем, ки ҳаллу фасли қазияи Афғонистон танҳо роҳи низомӣ надорад. Бинем, ки ин қадар солҳои тӯлонӣ ҷанг дар Афғонистон идома дорад. Аз ин лиҳоз роҳҳои дигари ҳалли қазияи Афғонистон, ки вуҷуд доранд, аз ҷумла гуфтушунид, бояд мавқеи калидӣ дошта бошанд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Бар асоси матни суҳбат, ки котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон нашр намудааст, Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки дар вазъи ногувори Афғонистон тайи солҳои зиёд, танҳо афғонҳо гунаҳгор нестанд.
“Бадбахтии асосӣ дахолат ба корҳои Афғонистон аз берун аст. Барои ҳамин ҳам ана ҳамин авзоъ то имрӯз идома дорад ва пагоҳ чӣ мешавад касе пешгӯӣ карда наметавонад”, - таъкид кардааст раисиҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон аз раванди гуфтушунидҳое, ки байни Толибон ва байни Амрико сурат гирифтанд, истиқбол карда, афзудааст, “мо, фикр мекунем, ки хуб мешуд, агар дар ин раванд Ҳукумати Афғонистон фаъолтар ширкат намояд, чунки ин Ҳукуматро мардум интихоб кардааст”.
Ӯ ҳамчунин зарур хондааст, ки ба ин раванд бояд ҳамсоякишварҳои Афғонистон низ ҷалб карда шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки “раванди сулҳ бисёр мураккаб аст ва ман ин нуктаро аз таърихи талхи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон мегуям”.
“Таҷрибаи раванди сулҳи тоҷиконро бояд меомӯхтанд, чунки қазияи Афғонистон бо он ҷанги шаҳрвандие, ки дар кишвари мо буд, бисёр ҳам монанд ва қариб тавъам аст. Мо ҷиҳати кумаку мусоидат ба мардуми Афғонистон ва кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя дар замони истиқлолият кушишҳои зиёд ба харч дода истодаем ва боварии комил дорам ки он рӯз дур нест, ки сулҳу амонӣ дар ин кишвари ҳамсоя пойдор мегардад”, - изҳори умед кардааст Эмомалӣ Раҳмон.