Тоҷикистону Ҳинд мехоҳанд парвозҳои мустақимро дубора барқарор намоянд

Сафири Тоҷикистон дар Ҳинд бо вазири давлатии ҳавопаймоии мадании Ҳиндустон масъалаи барқарор намудани парвозҳои мустақимро баррасӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, ахиран дар Деҳли сафири Тоҷикистон Ҳинд  Султон Раҳимзода бо Вазири  давлатии ҳавопаймоии мадании Ҳиндустон Ҳардип Сингҳ Пурӣ дидору гуфтугӯ кард.

Тоҷикистону Ҳиндустон барои густариши бештари ҳамкориҳо таъкид карданд

Зимни мулоқот тарафҳо, атрофи мавзӯи таҳкиму густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи ҳавопаймоии маданӣ мубодилаи афкор карданд.

Инчунин, манбаъ таъкид намудааст, ки тарафҳо аз ҷумла мавзӯи барқарор намудани парвозҳои мустақим  миёни пойтахтҳои ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ёдрас мешавем, ки парвозҳо ба самти Ҳиндустонро ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр” анҷом медод. Аммо баъд аз ба мушкилоти молӣ рӯ ба рӯ шадни ширкат, парвозҳо ба ин самт қатъ карда шуд. Он замон ширкати “Тоҷик Эйр” ба самтҳои Ҳиндустон, Чин, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Русия  парвоз анҷом медод