Расулзода: Тоҷикистон барои тақвият бахшидани ҳамгироӣ бо САҲА ҳавасманд аст

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ба намояндаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) гуфт, Тоҷикистон барои идома ва тақвият бахшидани ҳамгироӣ бо ин созмон ҳавасманд мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Имрӯз Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дидору  мулоқот кард, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.

Расулзода дар Маҷмааи СММ : барои кишварҳои ниёзманд бунёд созмон диҳед

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рӯзро дар доираи САҲА мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Зимни мулоқот, Расулзода таъкид намудааст, ки Тоҷикистон барои идома ва тақвият бахшидани ҳамгироӣ бо САҲА  ҳавасманд буда, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ амалӣ месозад.

“Ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону САҲА  дар самтҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, озодӣ, таъмини амният ва иқтисодию экологӣ ба роҳ монда шудааст”, - зикр кардааст Расулзода.

Ҳамзамон вай қайд намудааст, ки ҳукумати Тоҷикистон метавонад дар ин росто ҳамкориро бо САҲА  дар соҳаи энергетика, роҳу нақлиёт, тағйирёбии иқлим ва дигар самтҳои муҳим таҳким бахшад.

Ёдрас мешавем, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи сафари сафирони кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба Тоҷикистон вохӯриҳо баргузор мегарданд. 

Ба иттилои манбаъ, ҳайати  сафирони кишварҳои узви САҲА бо Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот намуда, аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон дидан мекунанд.

Дар назар аст, ки дар ин вохӯриҳо масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА баррасӣ гарданд.