Моҳи августи соли 1999 Борис Елтсин, собиқ раисҷумҳури Русия тариқи телевизион ба мардуми Русия муроҷиат кард.
Нахустин раисҷумҳури Русия он замон гуфт, ман нафареро интихоб кардам, ки метавонад дар кишвар ислоҳотро роҳандозӣ кунад ва Русияро боз ба як кишвари абарқудрат табдил диҳад. Маълум шуд, ки ин шахс Владимир Путин будааст.
Владимир Путин 20-сол аст, ки роҳбари Русия аст. Ӯ соли 2000-ум аввалин маротиба дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ иштирок кард ва дар он пирӯз шуд. Дар соли 2004 бо ба даст овардани беш аз 71 дарсади раъй дубора раисҷумҳури Русия интихоб шуд.
Дар солҳои 2008-2012 Владимир Путин ба ҳайси нахуствазири Русия ва роҳбари ҳизби “Русияи воҳид” фаъолият мекард.
Урупоиҳо Владимир Путинро бо зодрӯзаш шодбош гуфтанд
Дар соли 2012 Путин боз дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ иштирок кард ва дар он бо ба даст овардани 65 дарсади раъй пирӯз шуд.
Дар соли 2018 беш аз 76 дарсади мардуми Русия Путинро дубора ба ҳайси Президенти ин кишвар интихоб карданд.
Роҳбари Русия рӯзҳои истироҳати кам дорад, ҳатто рӯзҳои мавлудашро ӯ дар ҷои кор сипарӣ мекунад.
Дар соли 2017 Владимир Путин дар рӯзи мавлудаш Шӯрои амнияти кишварашро гузаронд. Аммо дар соли 2016 ӯ зодрӯзашро дар атрофи наздиконаш қайд кард.
Дар соли 2015 Владимир Путин рӯзи 7 октябр дар рӯзи мавлудаш бо Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия вазъи Сурияро баррасӣ карду сипас ба бозии хокей рафт. Дар он бозӣ роҳбари Русия ба дарвозаи рақибаш 7 гол зад.
Аммо имсол Владимир Путин рӯзи мавлудашро мисли соли қаблӣ дар атрофи наздиконаш таҷлил хоҳад кард.
Дар рӯзи мавлуди Президент рафиқону наздиконаш ба ӯ туҳфаҳои зиёд, аз ҷумла ҳайвоноти мухталиф тақдим мекунанд.
Ёдрас мешавем, ки дар ин рӯз қаблан нахуствазири Ҷопон Синдзо Абэ ба роҳбари Русия сагбачаи зоти Акита-ину туҳфа карду, нахуствазири Булғористон ва раисҷумҳури Сербия саги зоти овчарка тақдим карда буданд.
Шоҳи Урдун Абдуллоҳи II ба Владимир Путин беҳтарин аспи зоти арабиро туҳфа кард. Аммо роҳбари Туркманистон ба Владимир Путин ду паланг тақдим кард.
Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Қирғизистон ба Путин як аспи зоти Орловӣ ва сагбачаи зоти борзои қирғизӣ туҳфа кард.
Собиқ раисҷумҳури Молдова Владимир Воронин ба роҳбари Русия тимсоҳӣ булӯриниро тақдим кард.
Инчунин дар ин рӯз ба Владимир Путин аслиҳа, китоб ва ғайра тақдим мекунанад.