Коршинос гуфт чаро кишварҳои Аврупо аз муҳоҷирон тарс доранд

Коршиноси бунёди “Муҳоҷирати асри 21” Вячеслав Поставнин, шарҳ дод, ки чигуна метавонад раванди муҳоҷират барои кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо хатар дошта бошад
Sputnik

Агар ба харитаи раванди муҳоҷират назар андозем, метавон мушоҳида кард, ки аксари муҳоҷирон ба Аврупо аз кишварҳои Африқо ва Ховари наздик ворид мегарданд.  Бештар муҳоҷирон ба Аврупо ва Амрико куч мебанданд. Аммо хушбахтона дар ҳоли ҳозир, муҳоҷирони ин кишварҳо Русияро барои муҳоҷират интихоб намекунанд, гуфт коршиноси бунёди “Муҳоҷирати асри 21” Вячеслав Поставнин.

Коршинос гуфт чаро кишварҳои Аврупо аз муҳоҷирон тарс доранд

“Дар маҷмӯъ муҳоҷирати ҷаҳонӣ ба сатҳи зиндагӣ, норасоии об ва норасоии ғизо вобаста аст. Ин раванди бузург пешбинӣ мешавад”, - илова кард коршинос.

Танҳо дар 8 моҳ беш аз 411 ҳазор тоҷикистонӣ ба муҳоҷират рафтанд

Ба гуфтаи коршинос, танҳо муҳоҷирони ба делели офатҳои табии кӯч мебанданд дар аврупо наздик ба 300 миллион нафар аст.

Поставнин илова кард, ки Олмон аз он тарс дорад, ки муҳоҷирони дигар метавонанд дар ин кишвар инфрасохтори нав ба монанди қочоқ, қочоқи маводи мухаддир, интиқоли ғайриқонунии муҳоҷирон ташкил кунанд.

“Интиқоли муҳоҷирон ба як тиҷорати нав табдил ёфтааст”, - илова кард коршинос.

Иттиҳодияи Аврупо ҳоло дар роҳи ташкили хадамоти бурунмарзӣ қарор дорад ва дар кутоҳтарин муддат низоми иттилоотӣ ташкил хоҳанд кард, ки ҳамаи муҳоҷирон ба қайд хоҳанд гирифт.

Инчунин Поставнин гуфт, ки ғарб ҳоло тамоми воридшавӣ ба Аврупоро сахт назорат намуда ва ҳар ҳаракат дар дохил ва сипас раванди ҷинояткориро пешгирӣ хоҳад кард.