Кордкашии наврасон дар ноҳияи Рӯдакӣ

Ду навраси 17-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамсоли худро бо олоти буранда захмӣ карда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Ин ҳодиса рӯзи 5-уми октябри соли 2019, тахминан соати 15:30-дақиқа ба вуқӯъ пайвастааст.

Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ба  ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи зани 36-солаи сокини деҳаи Обчакорони ҳамин ноҳия ворид гардидааст.

"Шабҳо хоб надорем" : волидони Осия ҷуброни зарар талаб мекунанд

Дастгир шудани ду ноболиғ барои авбошӣ дар Душанбе

Ӯ шикоят кардааст, ки рӯзи 5-уми октябри соли 2019, тахминан соати 15:30-дақиқа, писари ноболиғи 17-солаашро “Сӯҳроб” ва “Баҳриддин” ном шахсон лату кӯб намуда, бо олоти халандаю буранда як маротиба ба қафаси синааш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Сунатулло, ки Осияи 6-соларо оташ зад дар бемористон зери назорати табибон қарор дорад

"Дар натиҷа, писараш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳангоми баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷӯстуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 2 нафар ноболиғи 17-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуданд.

Бо саг тарсонидаву ба симтӯр бастанд: тафсилоти даҳшатбори оташ задани Осияи 6-сола

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.