"Дилам дард мекунад": Ҷӯрабек Муродов гуфт, намехоҳад ба ӯ гул тақдим кунанд - видео

Ҷӯрабек Муродов Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳаводорони санъатро ба консерти худ даъват карда, аз мухлисонаш хоҳиш кард, ки барои қадрдонии ҳунараш гул набиёранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Ҳунарманди маъруфи Тоҷикистон Ҷӯрабек Муродов бо сабти як видео аз мухлисонаш хоҳиш кардааст, ки ба ӯ гул наоранд, балки ба ҷои он китоб ё фиттаҳои оҳангҳоро бихаранд, то ёдгорӣ бимонад ва аз он насли оянда баҳра бибарад.

"Ассалому алейкум ҳамватанони азиз, мухлисони меҳрубонам. Худо хоҳад рӯзи 16 -ум бо хости Парвардигор рӯ ба рӯ мешавем. Фақат аз ҳамаи шумо як илтимос. 60 сол боз ман гул мегирам, ман аз шумо бисёр миннатдорам. Вақте шумо ба ман гул меореду пас аз ду-се рӯз, ки паҷмурда мешавад, зимни партофтанаш дилам дард мекунад. Ба ҷои гул, имрӯз китобҳою диксҳои олиҷавоб баромадааст, онро харида дар хонаатон нигоҳ доред, хубтар аст", - маслиҳат медиҳад ҳунарманд.

Ҷӯрабек Муродов аз хонаи Садриддин Айнӣ мардуми тоҷикро бо Рӯзи истиқлол табрик гуфт

Ҷӯрабек Муродов ҳамчуин хабар медиҳад, ки барои мухлисонаш барномаи ҷадиде омода кардааст.

Хотироти Ҷӯрабек Муродов аз мулоқоте, ки бо Аҳмад Зоҳир як моҳ пеш аз маргаш дошт - Видео

Консерти навбатии Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов рӯзи 16 октябр соати 16:10 дар Театри ба номи Камол Хуҷандӣ баргузор мешавад.