Тоҷикистону Қирғизистон барои рушди сайёҳӣ ҳамкорӣ мекунанд

Масъулони вазорату кумитаҳои сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон дар як ҳамоиш, масоили рушди сайёҳӣ миёни ду ин кишварро баррасӣ карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 5-уми октябр дар шаҳри Хуҷанди Суғд баргузор гардид ва ҷонибҳо дар он мушкилоти мавҷудаи  ин соҳаро ба баррасӣ гузоштанд.

Хуҷанд мизбони форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон шуд

Дар ин ҳамоиш гуфта шуд, ки Тоҷикистону Қирғизистон ду кишваре, ки дар ҳамсоягӣ қарор доранд ва як роҳ ин ду кишварро миёни ҳам пайванд медиҳад. Ин омил имкон медиҳад, ки сайёҳони хориҷӣ бо ворид шудан ба як кишвар аз кишвари ҳамсоя низ боздид кунанд.

Киял Кенжематова, ҷонишини директори Департаменти сайёҳӣ дар назди Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сайёҳии Ҷумҳурии Қирғизистон  дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳамоиши имрӯза имкони хубест, ки онҳо миёни ҳам сари мушкилоти мавҷудаест, ки монеъаи   равнақ додани соҳаи туризм гуфта мешавад, баррасӣ намоянд.

“Аз нигоҳи ман мушкилот барои рушди сайёҳӣ дар кишвари Тоҷикистон ва Қирғизистон қариб ки як сон аст. Масалан мушкили сайёҳон дар сарҳад, банд мондани мошини ҳомили сайёҳон дар гузаргоҳҳо аз сӯи нозирони роҳ, мушкили корупсия ва амсоли инҳо”, - гуфт Кенжематова.

Ин масъули вазорати фарҳанг, иттилоот ва сайёҳии кишвари Қирғизистон изҳори умедворӣ кард, ки ин проблемаҳо марҳила ба марҳила ҳал хоҳанд шуд ва соҳаи туризм, ки як бахши муҳими даромади ду кишвар ба ҳисоб меравад густариш пайдо хоҳад кард.

Як бахши ҳамоиши тиҷоратию -сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон дар Хуҷанд, муаррифии шаҳрҳову минтақаҳои сайёҳии ҳар ду кишвар буд.

"Пули дӯстӣ” дар  сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба истифода дода шуд

Анвар Яъқубӣ, муовини раиси вилояти Суғд гуфт, то ин муддат кишвари Тоҷикистон барои рушди ҷаҳонгардӣ як қатор корҳои муайянеро ба сомон расонидааст. Ӯ аз раванди ин ҷараёни корҳо дар Суғд чанд мисол овард.

“Нахуст худи табиати зебои Тоҷикистон барои сайёҳон таваҷҷӯҳбарангез аст. Барои мисол ҷорӣ шудани Сирдарё аз миёни шаҳри қадимаи Хуҷанд. Бунёди роҳи танобӣ дар болои руд, ки ду соҳили дарёро ба ҳам мепайвандад. Бунёди боғи Камоли Хуҷандӣ ва маҷмаи шоҳ Исмоили Сомонӣ аз назарработарин ҷойҳои сайёҳии маркази Суғд ба ҳисоб мераванд”, - афзуд Яъқубӣ.

Дар кори Бизнес-форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон масъулин аз таъсиси ширкатҳои муштараки сайёҳӣ ва барқарор  кардани хатсайрҳои наздимарзӣ аз ду ҷониб иброз намуданд. Ба боварии иштирокчиён  дар қадами аввал ба роҳ андохтани чунин корҳо дар рушду зарфияти сайёҳии кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон  мусоидат хоҳад кард.