Идигул Қосимзода рӯзи истироҳаташро дар ҳашари пахтачинӣ гузаронд

Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон, имрӯз дар ҳашари ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Кӯшониён иштирок кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 окт - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матуоти Ҳукумати Хатлон, ҳашари пахтачинӣ дар хоҷагии “Водии заррин”, воқеъ дар деҳаи Пахтақайнари Ҷамоати деҳоти “Сарвати Истиқлол”-и ноҳияи Кӯшониён бо иштироки мақомдорони давлатӣ баргузор шуд.

Баъди Леваканд: Бохтар низ аз иҷрои нақшаи пахта гузориш дод

Ба иттилои масъулони хоҷагӣ, ин ҷо дар майдони 120 гектар пахта кишт шудааст.

“Нашъунамои пахта хуб арзёбӣ шуда, ба пахтачинон барои ҳар як кило “тиллои сафед”-и ҷамънамудаашон то 70 дирам пардохт карда мешавад. Кишоварзони хоҷагӣ азм доранд, ки дурнамои ҷамъоварии пахтаи имсоларо саривақту барзиёд иҷро намуда, ҳосилро беталаф ба даст оранд”, - омадааст дар иттилоия.

Тибқи маълумоти фаврии Сарраёсати омори вилояти Хатлон, то 6 октябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Кӯшониён 16 ҳазору 326 тонна пахта чида шудааст, ки ба 65,31%-и дурнамои солона рост меояд. Назар ба ҳамин давраи соли 2018 дар ноҳия ба андозаи 5731 тонна ҳосили бештар ба даст омадааст.

Ҳалокати ду кӯдак ва бистарӣ шудани 4 тани дигар дар паи заҳролудшавӣ дар Фархор

Котиботи ҳукумати Хатлон мегӯяд, имсол дар Кӯшониён, ки калонтарин ноҳияи пахтакори вилояти Хатлон маҳсуб мегардад, дар майдони 11 ҳазор гектар пахта кишт шуда, заркорон 25 ҳазор тонна ҳосил рӯёниданианд.