ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Аз ин рӯ раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп мақомотҳои дахлдорро муваззаф намуд, ки аз вуруди муҳоҷирони бидуни суғуртаи тиббӣ ба Амрико, пешгирӣ кунанд.
Гуфта мешавад, чунин маҳдудият аллакай сар аз 3 -юми ноябри соли равон ба ҳукми иҷро медарояд.
Ҳамакнун бар тибқи қарори қабулкардаи Трамп, ки Кохи сафед онро нашр намудаст, муҳоҷирон аснои ба Амрико ворид шудан, бояд ҳатман суғуртаи тиббӣ ва ё маблағ барои муолиҷа дошта бошанд.
Трамп зикр намудаст, ки набуди суғуртаи тиббӣ ва маблағи лозима дар дасти муҳоҷирон, ба буҷаи Вазорати беҳдошт ва муассисаҳои тиббии ин кишвар латмаи сахт ворид мекунад.
Зикр гардидаст, ки давоми як сол хароҷоти муассисаҳои тиббие, ки муолиҷаи муҳоҷиронро фаро гирифтаанд, ба беш аз 35 миллиард доллар баробар аст.
Меҳмони нав: Доналд Трамп бори 10 - ум бобо шуд
Гузашта аз ин барои ба табобат фаро гирифтани муҳоҷирон аз ҳисоби буҷа ба ҳар як бемористон ба маблағи 7 миллион доллар қарзи иловагӣ дода мешавад. Ҳукуматдорон бар инанд, ки хароҷоти мазкур метавонад ба муфлисшавии Вазорати беҳдошти Амрико оварда расонад.