Наздик ба 25-соли роҳбарӣ дар курсии Президент: боз як соли дигари Эмомалӣ Раҳмон дар акс

Sputnik

Дар гузориши аксӣ тамоми чорабиниҳои азиме, ки имсол Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар онҳо иштирок намудааст ҷамъоварӣ шудааст.

Лукошенко ба Раҳмон таъмини рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистонро таманно кард

Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1969, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи касбию техникии № 40-и шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд), ба ҳайси устои барқ дар Корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа шурӯъ намудааст.

Пешсафии Мирзиёев: нахустин шуда Эмомалӣ Раҳмонро бо рӯзи мавлуд шодбош гуфт

Солҳои 1971-1974 дар Флоти уқёнуси Ором дар хизмати ҳарбӣ буд. Пас аз хизмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ баргашта, дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст.

Соли 1982 факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуд.

Солҳои 1976-1987 дар вазифаҳои котиби раёсат, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Сипас дар мақомоти ҳизбӣ фаъолият дошт.

Путин ба Раҳмон ҳам занг заду ҳам барқияи табрикотӣ равон кард

Аз соли 1987 то соли 1992 директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд.

Соли 1990 Эмомалӣ Раҳмон вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати ХII интихоб мешавад. Тирамоҳи соли 1992 Раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб интихоб гардид.

19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Зодрӯз муборак: Тоқаев ва Жээнбеков телефонӣ Эмомалӣ Раҳмонро табрик карданд

6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

6 ноябри соли 1999 Эмомалӣ Раҳмон дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ бори дуюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Тоҷикистон интихоб гардид.

Зодрӯзи Президент: суҳбати ғайрипротоколии Раҳмон ва тасвири Озода Раҳмон-видео

6 ноябри соли 2006 Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи озоду шаффофи демократӣ дар асоси алтернативӣ бори сеюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Тоҷикистон интихоб шуд.

6 ноябри соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон бо 84,23% овози интихобкунандагон дар интихоботи навбатии Президенти Тоҷикистон пирӯз гардид.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дорои унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мебошад.

Қаҳрамони Тоҷикистон (аз 11 декабри соли 1999) мебошад.

Оиладор ва падари нӯҳ фарзанд аст.

1 / 13
Дидори таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва кишвардори Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар минтақаи марзӣ
2 / 13
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо президенти Русия Владимир Путин
3 / 13
Маросими ба кор андохтани агрегати дуюми НБО "Роғун"
4 / 13
Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани гулчамбар ба қабри аскари номаълум дар Маскав .

5 / 13
Лаҳзаи эҳсосӣ: ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Сангвор сокинони маҳалӣ ба Эмомалӣ Раҳмон акси модарашро тақдим карданд.
6 / 13
Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи ҳамсараш дар вилояти Суғд
7 / 13
Боздиди Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо ҳамсараш аз боғи миллии Ваҳдат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд
8 / 13
Оғози сохтмони роҳи "Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин". Мулоқоти роҳбари кишварбо сохтмончиён
9 / 13
Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои ҷашнии Иди Харбуза
10 / 13
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон
11 / 13
Мулоқоти ғайрии расмии роҳбарони Беларус, Русия ва тоҷикистон дар шаҳри Минск
12 / 13
Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Масчоҳ
13 / 13
Тақдими нақши бародари раисҷумҳур дар Данғара