Хуҷанд мизбони форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон шуд

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд Бизнес- форуми ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон ба кори худ шурӯъ мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Хуҷанд имрӯз мизбони Бизнес- форуми ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон аст. Ташаббускори асосии баргузории ин форум Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон мебошад.

Замони баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории “Помир Инвест - 2019” муайян шуд

Мақсад аз гузаронидани форуми мазкур истифодаи самараноки таҷрибаи кишварҳои ҳамдигар, муҳайё намудани шароит барои рушди соҳибкориву рушди сайёҳӣ, тарғибду ташвиқи имкониятҳои сайёҳии кишварҳои ҳамдигар тавассути воситаҳои имконпазири иттилоотӣ мебошад.

Дар пойтахти Тоҷикистон намоишгоҳи байналмилалӣ "Тоҷикистон-2019. Баҳор” баргузор мегардад

Зимнан дар назар аст, ки дар ҷараёни форум ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бо ҳамтоёни худ созишномаи ҳамкорӣ  ва ёдошти тафоҳумро ба имзо расонанд.

Маълумоти муфассал аз ҷараёни баргузории Бизнес- форуми сайёҳӣ дар дақиқаҳои баъдӣ нашр мешавад.