ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Субҳи имрӯз суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев сурат гирифт.
Зимни суҳбати телефонӣ раисҷумҳури Қазоқистон бо таманниёти беҳтарин Президенти Тоҷикистонро бо ҷашни зодрӯзаш табрик намудааст.
“Қосим-Жомарт Токаев саҳми назарраси Президенти Тоҷикистонро дар эҳёи сулҳ ва ваҳдати миллии мамлакат ва таъмини рушди пойдори иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими обрӯи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид намуд”, - гуфт манбаъ.
Роҳбари ду кишвар зимни суҳбати телефонӣ атрофи ҳолати имрӯзаву дурнамои равобити ҳасанаи муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои густариши онҳо мубодилаи афкор намуданд.
Президенти ду кишвар дар суҳбати телефонӣ нисбат ба масоили минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн низ ибрози назар намуданд.
Инчунин, субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ дошт.
Президенти Қирғизистон низ роҳбари Тоҷикистонро ба муносибати зодрӯзаш сидқан табрик гуфт.
Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст зимни суҳбат ҷонибҳо паҳлуҳои муҳимми равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуданд.
Дар ин зимина Президентҳои ҳарду кишвар оид ба саъю кӯшишҳои минбаъда ҷиҳати татбиқи амалии зарфиятҳои созандаи муносибатҳои дӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қирғизистон ибрози назар карданд.
Ёдрас мешавем, ки нахустин Эмомалӣ Раҳмонро субҳи имрӯз ба муносибати рӯзи зодрӯзаш раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев, дар як суҳбати телефонӣ табрик кард.
Президенти Узбакистони роҳбари Тоҷикистон бо ҷашни рӯзи зодрузаш самимона табрик намудааст.
“Шавкат Мирзиёев, ба Эмомалӣ Раҳмон бо таманниёти сидқии сиҳатмандии бардавом, комгорӣ дар фаъолият ва хушрӯзии комил бо ҷашни зодрӯз самимона ва бародарвор табрику муборакбодӣ карда, дар симои ӯ ба мардуми Тоҷикистон шукуфоӣ ва сулҳу субот орзу намуд”, таъкид намудааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Ҳамзамон зимни суҳбат ҷонибҳо омодагии худро барои фаъолияти ҳадафмандонаи муштарак баҳри густариши минбаъдаи муносиботи Тоҷикистон ва Узбакистон дар чорчӯбаи шарикии стратегӣ иброз доштанд.